Шонасозӣ ё худ шонатарошӣ, шонагарӣ навъе аз касби анъанавии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ба он бештар ҳунармандони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Панҷакенту Фарғона, Ҳисор ва ғайраҳо машғул буданд.
Шона худ асбоби махсуси дандонадор, ки бо он мӯй, риш, зулф, гесуро тор – тор, ҳамвор, мураттаб ва пардоз менамоянд. Шонаро бештар аз чӯб, шох, устухон ва филиз ҳунарманд бо ҳунари воло моҳирона месохтанд. Барои занҳои танноз бештар шонаҳои ду тарафаш дандонадор месохтанд, ки дандонаи як тарафи он маҳин, дандонаи тарафи дигараш дурушт буд. Ҳамчунин шонаҳои нимдоира, дарозрӯя ва дастадор низ месохтанд.
Асоси кори устои шонасоз аз интихоби чӯб оғоз меёбад. Чӯби аз ҳама мувофиқ барои шонатарошӣ чӯби дарахти чормағз мебошанд Баъзан аз чӯбҳои зардолу, нок ва тут низ шона месохтанд. Чӯби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онро дар офтобрӯя мехушкононданд.Тахтачаи хушкшударо бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус – сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сӯҳон теғаҳои ҷойи дандонаҳоро соида ҳамвор месозанд. Ба мавзеи дандонаҳои тахтача равғани рустанӣ молида, 2–3 соат нигоҳ медоштанд то, ки чӯб равғанро ба худ ҷабад. Баъд аз ин амали дандонабарории маҳин ва дуршт сурат мегирад. Тахтачаҳоро ба даҳани дукон бо барбанд устувор карда, бо арраҳои гуногундандонҳои шонаро месозанд. Дар ин вақт усто ба нарангушти дасти чапи худ ангуштпони чармӣ мегузарониданд, ки вазифаи он ҳам муҳофизат кардани ангушт ва ҳам фосилагузорӣ дар байни дандонаҳои шона мебошад. Сипас шонасоз ба амали тагфурорӣ мегузашт ва поини дандонаҳоро ба ҳам баробар мекард. Агар шона дутарафа бошад, дандонҳои як тарафи он маҳин ва тарафи дигараш андаке дурушт ё калонтар мешавад. Пас аз тайёр шудани дандонаҳо амали нӯгбарорӣ иҷро мешавад. Усто бо сӯҳон нӯги ҳар як дандонаро ба мисли пайкони найза ороста, аммо теғи онро кунд мекард, то ки дандонаҳо даст ё пӯсти сарро нахарошад. Баъдан бо сӯҳони маҳин дандонаҳо аз дарун ҳамвор карда мешаванд. Агар шона дутарафа бошад, ду тарафи дастаи шонаро бо каҷкорд метарошанд ва бо сӯҳон ҳамвор мекунанд, ки барои ба даст доштан мувофиқ шавад.
Пас аз анҷоми ин корҳо амалҳои ороишӣ сурат мегирад. Таги дандонаҳо барои баробар шудан ва ба назар рост намудан бо аррача хат кашида мешавад. Агар шона камоншакл бошад, барои хаткашӣ қолаби камоншаклро ба кор мебурданд. Бо асбоби гулпарто гули мавҷнок мекашанд, ки он “нақши мор” ном дорад. Бо абзорҳои гуногун нақшҳои ислимию ҳандасӣ, матнҳо, суратҳои ҷонварон ва ғайраро тасвир мекунанд. Чун ороиши шона ба анҷом расид, бо регқоғаз (қоғази сунбода) чойҳои нақшшударо соида, бо парҳои мурғ (паранда) тоза менамоянд, ки онро “парзанӣ” меномиданд. Дар охир дубора шонаро равған карда, баъди якчанд соат боз бо пар зада, гарду ғуборашро пок менамоянд ва бо ҳамин шона тайёр мешавад. Ба баъзе шонаҳои пурнақши армуғонӣ маҳлули муми занбӯри асал мемолиданд, ки онро аз таъсири обу офтоб нигоҳ медорад.
Шонаи чӯбин тибқи ақидаи шонатарошону истифодабарандагон баъзе хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Агар аз қисми дарунтарини кундаи чормағз шона сохта шавад, барои мӯйҳои хушк муфид буда, мӯйро равғаннок менамояд. Агар шона аз чӯбҳои шохҳои болоии дарахти чормағз гирифта шуда бошад, равғани мӯйро муътадил месозад. Шонаи аз чӯби зардолу сохташуда асабро ором мекунад. Шонаи аз кундаи дарахти нок сохташуда мулоимтар буда, барои масҳ кардани пӯсти сар мувофиқ аст.
Дар коллексияи фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намунаҳои зиёди шонаҳо маҳфуз буда, дар хонаи миллии осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва шабистони Хона – музейи Камоли Хуҷанди ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар замони мосир намунаи зиёди шонаҳо ба назар мерасад, ки бо тарз ва усули гуногун сохта шуда. Мутобиқи талаботи даврони муосир оро ёфтаанд. Бояд қайд намоем, ки шона аз овони таърих то замони мо ҷузъи асосии ороишоти ба ҳисоб рафта, ҳангоми ба дунё омадани тифли навзод дар зери сари кӯдак бо орзуҳои нек шона мегузоштанд, ки ин анъана то замони мо омада расидааст.
М.Мамадҷонова – мудири шӯъбаи
таърихи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”