Санаи 19-уми август дар даромадгоҳи “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”-и Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбасти Озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии “Кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ” доир гардид.
Дар озмун ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда, маҳсулоти омоданамудаи худ, ки ифодагари эҳёи ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофиӣ мебошанд, пешкаш намуданд.
Ғолибон аз ҷиҳати сифати маҳсулоти хеш, ташкили намоиши маҳсулот, шакли муаррифии онҳо, таъсиси мактаби ҳунармандӣ ва тарбияи шогирдон муайян гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи беҳтарин ҳунари мардумии “Кулолгарӣ” ҳунарманд Ахмедов Диловар аз ш.Исфара, беҳтарин ҳунари мардумии “Чӯбтарошӣ” ҳунарманд Абдуалиев Неъматулло аз н.Деваштич, беҳтарин ҳунари мардумии “Сабадбофӣ” Кенҷаев Зариф бо дипломи дараҷи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сазовор гардиданд. Ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм бо дипломҳои дараҷаи II, III ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000, 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти озмун муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баромад намуда, ғолибонро бо сипосномаи раиси вилояти Суғд қадрдонӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба маҳсули меҳнати ҳунармандон мебошад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд.
Н. Олимова – ҷонишини директор
оид ба илми Осорхонаи таърихии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”.