Мисгарӣ яке аз касбҳои маъмули тоҷикон буда, ҳунари аз мис сохтани зарфҳо, олоти меҳнат, асбобу ашёи рӯзгор ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, ниёгони тоҷикон аз замонҳои қадим ба гудохтани мис ва аз он сохтани кӯзаву лаълӣ, аслиҳаҳои ҷангӣ ва зарфҳои дигар оғоз карда буданд.
Аз охири ҳазорсолаи IV то милод Саразми Панҷакент ба яке аз марказҳои бузурги филизгудозии қадими Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Аз конҳои болоби Зарафшон тилло, нуқра, мис, сурб, қалъагӣ ва фирӯза истеҳсол карда мешуд. Аз ин ҷост, ки олимон аз Саразм қӯраҳои филизгудозӣ, ва ороишоти мисиро кашф намудаанд.
То давраи исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зиннати мардонаву занона дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвора месохтанд. Дар ин давра зарфҳои мисӣ кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд. Дар давраи Сомониён истеҳсоли маснуоти мисӣ хеле ривоҷу равнақ меёбад. Дар Бухоро чароғҳои мисӣ, чилим, сандуқчаҳо ва дар Самарқанд дегу кӯзаҳо ва ҷомҳои нафисӣ мисӣ месохтанд.
Дар ин давра дар шаҳрҳои марказии тоқикон аввал раста ва дӯконҳои ҷудогона ва баъдтар маҳаллаҳои мисгарӣ ташаккул меёбанд. Дар охири асри XVI зарфҳои мисиро об карда, аз он сиккаҳои мисӣ зарб мезаданд. Аз охири асри XIX сар карда мисгарони тоҷик ба маснуоти мисӣ насб намудани сангҳои гаронбаҳо, шишапораҳои ранга ва нигинҳоро шурӯъ карданд, ки ин амал ба ашёҳои сохтаашон ҳусну тобиши тоза мебахшид.Онҳо маснуоти мисиро пас аз тайёр кардан бо гулқалам ҳаккокӣ мекарданд ё бо қолабҳои чӯби гул мепартофтанд. Навъҳои хеле маъмули ашёҳои мисини устоҳои тоҷик офтоба, кӯза, дастшӯ,чойник, лаълӣ, чилим, ҷом, шамъ, сурмадон, нондон буданд. Дастаи кӯзаву офтоба ва ҷомҳоро дар шакли боли паррандагон, думи ҳайвонот ва ғайра оро медоданд.Яке аз зарфҳои машҳури тоҷикон ҷойҷӯш мебошад. Дастаи ҷойҷӯшро аксар вақт дар шакли аждаҳо, дар алоҳидагӣ аз биринҷ сохта, баъд онро ба зарф васл мекарданд. Сарпӯши ҷойҷӯш гунбазшакл буда, дар қисми болоии он қубба пайваст карда мешуд. Лаълиҳои мисин бошанд, нақшу нигор карда шуда, гирдогирдашон бо ҳуруфоти форсӣ навиштаҷот доштанд.
Нақшу нигори зарфҳои мисин таҷассумгари олами зебову рангини ҳунари тоҷикон буда, дар онҳо розу рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст, ки бинандаро бо ҷаззобияти худ мафтун месозад. Ҳунармандони тоҷик имрӯз ҳам ба сохтани маснуоти армуғонӣ машғул буда, дар амали худ услубҳои анъанавиро бо омӯзиши услубҳои муосир истифода мебаранд. Дар фонди осорхона маснуотҳои мисин ба монанди кӯза, офтоба, нондон, лаълӣ, чойҷӯш, сурмадон, чойник, дастшӯ, дӯлча, ҷом ва ғайра харидорӣ карда шуда, ба экспозитсияи намоишӣ гузошта шудаанд.
Мудири шӯъбаи таърихи
давраи мосири МД
МФТ ”Қалъаи Хуҷанд” Хоҷаева М