Тибқи қарори Ситоди ҷумҳурияӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар саросари кишварамон ба хотири пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории сироятии “COVID-19” эмгузаронии бомаром идома дорад.
Вобаста ба ин дар вилояти Суғд аз ҷониби марказҳои тандурусти дар корхонаву ташкилотҳо нуқтаҳои эмгузарони ташкил карда шуд.
Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID-19 санаи 12.08.2021 дар МД “МФТ”Қалъаи Хуҷанд” баҳри солим нигоҳ доштани ҷомеъаи меҳнатӣ аз тарафи кормандони тиббии маркази саломатии №2 ваксинагузаронии тамоми кормандон баргузор гардид ва аҳли кормандон бо хоҳиши худ ваксинаро қабул намуданд.
Саломатии миллат ганҷи бебаҳост.
М.Бойматова
корманди илмии МД. МФТ "Қалъаи хуҷанд"