Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят таҷдиду барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд ҷараён дорад.

Азнавсозии қалъа ва бунёди иншооти зарурӣ дар ҳудуди он бо риояи унсурҳои қадимӣ ва санъати меъмории миллӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ ва бунёди иншоот дар Қалъаи Хуҷанд шинос шуда, барои суръатбахшии корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангӣ айни замон бо ҷалби устоҳову ҳунармандони номии вилоят, меъморону гаҷкорон, рассомону кандакорон корҳо дар авҷ буда, ҳамзамон аз минтақаи Риштони вилояти Фарғона низ ҳунармандон ҷалб гардидаанд.

Боиси зикр аст, ки Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Ҳифзу барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.

 

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШиносоии Раиси вилоят бо корҳои барқарорсозии Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top