Санаи 05.08.2021 аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонума Сезин Синаноглу - ҳамоҳангзози доимии СММ дар Тоҷикистон, Анҷей Хлебовский - мушовири Созмони Миллали Муттаҳид, Манучеҳр Раҳмонов -таҳлилгари СММ, Шаҳло Раҳимова - мушовири масъалаҳои гуманитарии СММ ва дигар ҳамроҳонашон дидан ба амал оварданд.
Меҳмонони олиқадрро дар даромадгоҳи осорхона омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов истиқбол гирифт. Ба меҳмонон сайри илмиро роҳбалади пуртаҷрибаи осорхона Иноят Мирзоева гузаронида, онҳоро бо таърихи бою рангини миллати тоҷик ошно сохт. Зеро маҳз, осорхона инъикосгари таърху фарҳанги ҳар як миллату халқият аст.
Баъд аз анҷоми сайри осорхона меҳмонон дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и осорхона таассуроти худ нисбат ба осорхона бо як самимияти хос гузоштаанд, ки чунин аст: “Чихел музейи беҳтарин. Дидан аз он хеле пурмӯҳтаво ва ҷолиби диққат аст. Онҳо тавонистаанд таввасути муқаддасотҳои аҷоиб таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро инъикос намоянд.
Аз тарафи роҳбаладамон Иноят Мирзоева сайри илмӣ хеле ҷолиб баргузор гардид.
Ташаккури бепоён барои таассроти хотирмон”.
Сезин Синаноглу - ҳамоҳангзози
доимии СММ дар Тоҷикистон
05/08/2021
Мутриба Мамадчонова
Мудири шӯъбаи таърихи
МД “МФТ”Қалъаи Хуҷанд”