Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НУСХАИ ХАТТИИ АШЪОР-И АЛИШЕР НАВОИ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мақолаҳои пешин, ки аз тарафи шўъбаи «Дастхатҳо ва табъу нашр» чоп гардида буд, дар бораи кутубе, ки дар фонди МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» нигаҳдори мешавад, маълумот дода шудааст. Аммо дар ин мақола кўшиш ба харҷ рафт, то дар бораи яке аз китобҳое, ки соли ҷорӣ аз тарафи шўъбаи мазкур харидорӣ шудааст, сабт намоем. Нусхаҳои харидоришуда иборатанд аз: «Ашъор»-и Алишер Навоӣ, «Салот»-и Масъудӣ, «Аҳодису-л-аъмол», «Рисолаҳо дар илми мусиќӣ», «Девон»-и Фузулӣ бо достони «Лайли ва Маҷнун», «Шарҳи ғазалиёт»-и Шоҳ Машраб ва «Шарҳ»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад. Вале дар ин ҷо баъзе хусусиятҳои асосии нусхаи «Ашъор»-и Алишер Навоиро, маълумот диҳем.

Нусхаи мазкур ҳикоёт, маснавӣ, муноҷотнома, қасоид ва дигар анвои шеъриро дар бар гирифтааст. Асар соли 1355/1936 яъне нимаи аввали асри XX китобат шуда, аз 69 барга иборат мебошад. Муќоваи китоб бо ранги сабз, туранҷу сартуранҷ ва наќшҳои ороишӣ, музайян гардонида шудааст. Китоб пурра буда, афтодагию фарсудагӣ надорад, танҳо як ё ду саҳифаи даридагӣ дорад, ки он ҳам барои хондани асар халалпазир нест. Аз тарафи кадом котиб навишта шуданаш ҳам номаълум аст. Бо вуҷуди доштани баъзе навоқис китоб дорои арзиши илмию адабӣ мебошад. Андозаи китоб 15х25,5 буда, дар ҳар саҳифа 13 сатрӣ ва бо забони ўзбекӣ китобат шудааст. Асар бо хати настаълиқи моил навишта шуда, котиб дар ваќти навиштан ҳуруфи муттасила ва мунфасила, ки яке аз шурути китобат ба ҳисоб меравад, риоя кардааст. Ҳолати умумии китоб хуб мебошад.

                                                                                                                Туробов Илҳом.

                                                                                                                  Мудири шӯъбаи дасхатҳо ва табъу нашри                                                                                                                    МД "МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНУСХАИ ХАТТИИ АШЪОР-И АЛИШЕР НАВОИ
Scroll to Top