Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зарфи мисини мунаққаш (Нондон)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тӯли фаъолияти худ  ҳазорҳо ашёҳои таърихю  фарҳангро ҷамъоварӣ намудааст. Яке аз ин  ашёҳои таърихӣ нондон мебошад, ки дар байни мардум яхдон ҳам мегӯянд.  

Нондон - яке аз навъҳои дигари машҳури зарфҳои мисини тоҷикон мебошад. Нондонро бештар бо нақшҳои майда, ба таври композитсионӣ оро медоданд. Нондон асосан сарпӯшдор мешавад.

Нондон зарфи мисини мунаққаш буда, ба ҷом шабоҳат дорад. Он аз тана, дастак, зерпоя ва сарпӯш иборат аст. Зарф фарохдаҳон буда, қисмати поёнаш нисбатан бориктар аст. Лабаш ба берун хамида шуда, ду дастаки нондон ба танааш бо мех пайваст шудааст. Дар зарф нақшҳои ислимии паиҳам ҳаккокӣ карда шудааст. Ҳамчунин хатҳои мувозин мавҷуд буда, дар гирдогирди  тана нақши геометрӣ, ки ба меҳроб шабоҳат дорад, паиҳам омадааст. Дар болояш байни ҳар як меҳроб нақши шохчаҳо оварда шудааст. Зерпояи нондон алоҳида буда, он ба тана бо 3 мех мехкӯбӣ шудааст.

Сарпӯши нондон мудаввар буда, дар марказаш дастак дорад, ки  он ба конус шабоҳат  доштааст. Ҳангоми  чаппа гардонидани сарпӯши нондон он ба лаълии поядор мубаддал мегардад. 

Айни замон дар экспозитсияи намоишии “Толори таъриху тамаддуни тоҷикон”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нондон  ба намоиш гузошта шудааст.

                                                      

                                                 Тиляева Шахноза - корманди                            

                                                          илмии фонди осорхона                

 

          

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗарфи мисини мунаққаш (Нондон)
Scroll to Top