Дар даврони Истиқлолият, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон, ба рушду нумӯи ҳунарҳои халқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Дар Хуҷанди бостонӣ ҳунарҳои халқӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим рушд ёфта, дар тӯли асрҳо такомул ёфтааст. Намояндагони ҳар намуди ҳунар дар маҳаллаҳои алоҳида зиндагӣ мекарданд.Вобаста ба касбу корашон ҳар маҳалларо бо номҳои заргарон, оинасозон, оҳангарон, мисгарон, бофандагон, кулолгарон ва ва ғайра мешинохтанд.
Дар бозорҳо низ растаи алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд буд. Дар онҳо нафақат маҳсулот ба фурӯш гузошта мешуд, балки истеҳсоли онро низ ба роҳ мемонданд. Дар байни тоҷикон маъмултарин ҳунари бадеӣ дар радифи ҳунари атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ, мисгарӣ, бофандагӣ, ҳунари заргарӣ маҳсуб меёфт.
Ин ҳунар кори хеле нафису нозук буда, дар офариниши маснуоти заргарӣ маҳорат ва истеъдоднокии ҳунармандро тақозо мекард. Заргарони Хуҷанд дар офариниши маснуоти зебу зиннати занона тарз ва услуби анъанавии хоси худро доштанд.
Хуҷанди бостонӣ баробари шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Истаравшан , Тошканд маркази истеҳсоли маснуоти заргарӣ буд. Дар шаҳри Хуҷанд заргарони авлодӣ мезистанд, ки аз насл ба насл ҳунари хешро давом дода, бо санъати воло мардумро тасхир менамуданд. Ин намуди ҳунар хусусияти меросиву оилавӣ дошт. Қоидаву асрор ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аз падар ба писар мегузашт.
Яке аз заргарони номии қарни XX дар шаҳри Хуҷанд Мулло Аҳмади Хуҷандӣ (1883-1970) буд, ки бо маснуоти заргарии хеш ҳамчун ҳунарманди моҳир ва боистеъдод шӯҳрат пайдо кардааст.
Устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи акедемик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор шодравон Шарифҷон Аҳмадов асбобу анҷоми заргарии падараш Мулло Аҳмади заргарро ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳадя намудааст.
Аз нуқтаи назари илми осорхонашиносӣ онҳо бозёфтҳои хеле аҷиб ва ҷолиби диққатанд, зеро он чун нигораи осорхонавӣ аҳамияти таърихию фарҳангӣ дорад.
Мулло Аҳмади Хуҷандӣ аз авлоди заргарони касбӣ ва барӯманди шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад. Падари ӯ Муллоаҳмад дар оилаи заргари номдори Хуҷанд Муллоолим дар нимаи дуюми асри XIX ибтидои асри XX тавлид ёфтааст. Бобои Муллоаҳмад Муллобоқӣ ва бобокалонаш Муҳаммад Аминӣ заргар буданд.
Ӯ шахси хеле ботамкин, хушфеъл, пурдону ҳозирҷавоб ва закӣ буда, маҳсули дасташ мақбули ҳамагон мегардид. Намунаи эҷодиёт ва шахсияти ӯро низ дар Бухорову Самарқанд, Тошканду Қӯқанд ҳамчун заргари мумтоз мешинохтанд ва ҳурмати эшонро ба ҷо меоварданд.
Асбобҳои заргарии Мулло Аҳмади Хуҷандӣ 72 ададро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо аз фулузот : оҳан, мис, чӯян инчунин аз чӯб, гил сохта шуда, дар ҷараёни фаъолияти заргарӣ истифода мешуданд.
Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намомоишгоҳ доир ба ҳунарҳои халқӣ дар мавзӯи “Асбобҳои заргарии Муллоаҳмади Хуҷандӣ” созмон дода шуд. Дар намоишгоҳ лавҳа бо акси Мулло- аҳмади заргар, тавзеҳоти мухтасари тарҷумаҳолии эшон бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ насб карда шудааст. Ҳар як асбоб дар ҷараёни истеҳсоли маснуоти заргарӣ вазифаҳои муайян ва тарзи истифодабарии махсусро талаб мекард. Асбобҳои Муллоаҳмади Хуҷандӣ ба монандӣ: Пуфнай, анбӯр, реҷа, бӯтача, гироҳо, қолабҳои биринҷӣ, чӯбин, қура, тарозучаҳо барои бар кашидани вазни маснуот ва ғайраҳо дар толори намоишгоҳи осорхона дар ҷевони атрофаш шишабандишуда ба маърази тамошобинон гузошта шудааст, ки Мулло Аҳмади Хуҷандӣ дар тӯли фаъолияти касбиаш истифода бурдааст.
Мулло Аҳмади заргар тавассути чунин асбобҳо фаъолият намуда, маснуоти заргариро моҳирона ва пурҷозибанок меофарид, аз ҷониби ӯ маснуоти заргарӣ аз қабили зевароти занона, дастпона, ангуштарин, ҳалқа, марҷонҳои садаф, марворид, тоҷи тилло, бозубанди секунҷа, чоркунҷа, зангӯлаҳои хурду калон сохта мешуданд, ки алҳол ин маснуотҳо дар толори “Таъриху тамаддуни халқи тоҷик” ба маърази тамошо гузошта шудаву мавриди баҳрабардории тамошобинон қарор гирифтаанд.
Сайфиева Шарифахон-роҳбалади МД
МФТ “Қалъаи Хуҷанд”