Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Петроглифҳо дар осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Олимон- археологҳо ёдгориҳои таърихи давраи қадимро дар ҳудуди кишвари мо омӯхта ба хулоса омаданд, ки Тоҷикистон дорои ёдгориҳои беназири таърихӣ мебошад.

Яке аз ин гуна ёдгориҳои фарҳангии моддии асри санг тасвироти руи санг- петроглифҳо мебошанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” қайд намудааст: ”Тасвирҳои рӯи санг, ки барои дарк намудани тафаккури башари  қадим ва тасаввуроти нисбат ба муҳит пайдокардаи ӯ кӯмак мерасонанд, мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққиқони  таърихи бостон қарор гирифтаанд”.

Дар Тоҷикистон низ мисли дигар ноҳияҳои  Осиёи Миёна маҳалҳои ҷойгиршавии тасвирҳои рӯи санг дар қадди соҳили Зарафшон ва шаҳрҳои он, силсилакӯҳҳои  Қурама, Мевагул (Муғул),  Помир ва ғайра мавҷуданд кашф ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд.  Бино ба маълумотҳо миқдори он беш аз 100 маҳалро дарбар мегирад ва танҳо дар Помир тақрибан 50 маҳалли чунин ёдгорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тасвироти рӯи сангӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби олимон  - бостоншиносон А. Н. Далский, В. А. Ранов, А. В. Гурский, А. А. Формозов,  А. М. Манделштам, Б. А. Литвинский, О. В. Панфилов ва дигарон кашф ва мавриди омӯзиш қарор дода шудаанд.

Дар қисмати Шимоли Тоҷикистон – имрӯза вилояти Суғд  ду минтақаи ҷамъшавии ёдгориҳои тасвироти рӯи санг 1) минтақаи болооби руди водии Зарафшон (кӯҳҳои Ҳисор Олой) ва 2) дар водии Фарғонаи  Ғарбӣ (кӯҳҳои Қурама ва Мевагул) мавҷуданд.

Археологи машҳур В. А. Ранов оиди тасвиротҳои рӯи санги қаторкӯҳи Қурама маълумот ҷамъ овардааст. Дар доманаи қаторкӯҳи Қурама мавзеи деҳоти Даҳана, шаҳраки Шайдон, деҳаи Ашт гурӯҳи калони тасвири рӯи санг дар харсангҳо: бузи кӯҳӣ,  архар, уштур, оҳу: лаҳзаи шикори одамонро ба қайд гирифтааст.

Бостоншинос-петроглифомӯз О. В. Панфилов ҳангоми ҷустуҷӯи солҳои  1976 – 1981 ва ба рӯйхатгирии петроглифҳо дар кӯҳи Мевагул ба нақшҳои рӯи сангии зиёд дучор гардидааст, ки давраҳои миёнаи ҳазорсолаи 1-ум то мелод ва давраи асри миёнаро дар бар мегиранд.

 

Бо иқдоми неки Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, маъмурияти Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  бо ҳамроҳии устоди ДДХ ба номи ак.Бобоҷон Ғафуров профессор, бостоншинос, узви комиссияи ҳифзу эҳёву истифодаи мероси моддии таърихӣ-фарҳангии МИҲД-и вилояти Суғд С.Ш.Марофиев гурӯҳи корӣ барои омӯзиши ёдгориҳои таърихии Тоҷикистони Шимолӣ таъсис дода шуд. Аъзоёни экспедитсия санаҳои 26-27 июли соли 2013 бо мақсади шиносои ва ҷамъоварии маводҳо оиди петроглифҳо аз деҳаи Даҳана дидан намуданд. Зимни боздид бо нақшҳои рӯи сангӣ, гӯрхонаҳо аз наздик шинос шуда, кисмате аз онҳоро барои намоиш ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дастрас намуданд. Алҳол ин петроглифҳо таҳти №КП 3205 ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд ва дар толори намоишии “Тамаддуни ориёӣ” осорхонаи таърихи  мавриди тамошо қарор доранд. Дар онҳо амали одамони қадима, яъне тасвироти инсони аспсавор, симои шикорчиён, бузи кӯҳӣ сабт шудааст.

 

                               

                                 Мирзоева И.П

Корманди илмии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПетроглифҳо дар осорхона
Scroll to Top