Санаи 23 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Вазири рушди иқтисодии вилояти Челябинск Дмитрий Глухарёв бо ҳамроҳонаш аз Осорхонаи таърихии вилоятии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф ба амал овард.
Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилоятӣ истиқбол гирифт.
Ба меҳмонон роҳбалади ботаҷрибаи осорхона Иноят Мирзоева сайри осорхонавӣ гузаронид. Меҳмонон экспозитсияи толорҳои намоиширо бо диққати зиёд тамошо карда, бо таъриху фарҳанги ғании халқи тоҷик ошно шуданд.
Баъд аз анҷоми сайри осорхонавӣ меҳмонон дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхона соядаст гузоштанд:
“С огромным уважением к истории и традиции Таджикистана от лица правительства Челябинской области.
Спасибо!
Глухарёв Д.С.
Денисенко В.В.
Савельева Е.С.
22.07.2021 г.”