Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунари қуроқдӯзӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қуроқдӯзӣ – аз пораҳои матоъ нақш офарида, онро пайваст мекунанд. Дастурхон, чодари арӯсӣ (чимилиқ), кӯрпаву кӯрпача, болишт, чойнакпӯш ва ҳоказо медӯзанд.

Санъати қуроқдӯзӣ ин дӯхтани мануоти мухталифи хонагӣ бо тариқи дӯхтани порчаҳо ё резагиҳои матоъ мебошад. Ин тарзи дӯхтани матоъ дар байни халқҳои мухталифи дунё ривоҷ ёфта буд. Дар замони муосир бошад, ин пешаро ба сатҳи волои ҳунарӣ расонидаанд. Дар байни мардуми тоҷик чунин шаклҳои қуроқдӯзӣ мавҷуд аст:

  1. Дӯхтани навъи варақӣ
  2. Қуроқи чашмӣ
  3. Қуроқи қуӣ
  4. Қуроқи ба шакли омезиш

 Ҳар яке аз ин навъҳо маънии мушаххаси худро дорост.

Дар байни тоҷикони водии Фарғона чунин анъана буд, ки дар ҳафрӯзагии кӯдак аз хонаводаҳое, ки дар он пирони рӯзгордида зиндагӣ мекарданд, порчаҳои хурди матоъ ҷамъоварӣ намуда, бо нияти нек ( ки дар оянда умри тӯлонӣ бинад ва дорои фарзандону наберагони зиёд шавад) аз он порчаҳо пироҳани хурд дӯхта, ба кӯдак то баромадани чилрӯзагӣ мепӯшонданд.

Дар маросими тӯй бо орзуи зиндагии босаодат, дифоъ аз суқи чашм ва атои фарзандон, аз ду тарафи чодар порчаҳои варақӣ дӯхта мешавад ва ба останаи дар пойандози қуроқӣ шакли гирдча ё чаҳоркунҷа андохта мешавад.

Омезиши порчаҳои гуногунранг – рамзи ба синни қӯшапирӣ расидани наварӯсон ва сулҳу оромӣ дар байни қудоҳоро нишон медиҳад.

Имрӯзҳо  аксари занону духтарон бо ҳунари қуроқдӯзӣ машғул буда,  маҳсулоти қуроқиро ҳамчун ҷиҳози арзандаю муқаддас барои ҳар як хонадон шарҳ медиҳанд. Сабаби пойдор мондани ин ҳунар пеш аз ҳама, васеъ истифода бурдани ҷиҳози қуроқӣ ва таваҷҷӯҳи мардум ба ин ҳунар  аст. Ҷиҳозе, ки бо усули қуроқдӯзӣ таҳия мегардад, баёзи орзуву омоли халқи тоҷик буда, қадру қиммати махсус дорад.

Кормандони илмии “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кӯшиш доранд, ки намунаҳои беҳтарини ин ҳунарро ҷамъоварӣ намуда, коллексияи соҳавии маъхази Осорхонаро ғанӣ гардонанд.

Ҳоло дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намудҳои зиёди ҳунари қуроқдӯзӣ, ба монанди: дастархон, чимилиқ, пештоқ, болишт, чойнакпӯш ва ғайраҳо маҳфуз буда, намунаҳои он дар толори намоишӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

С. Исломова

Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲунари қуроқдӯзӣ
Scroll to Top