Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбон, ки яке аз ҷашнҳои суннатии мардуми мусулмон ба ҳисоб рафта, рӯзи 10-уми зилҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрӣ баргузор мегардад, ҷашн мегиранд.
Боиси таъкид аст, ки дар чунин айём анҷом додани амалҳои неку писандида, ба ҳамдигар дароз кардани дасти хайру саховат, гирифтани дасти ниёзмандон, ятимону маъюбон ва муҳтоҷону камбизоатон аз суннатҳои неки Иди саиди Қурбон ба шумор рафта, барои таҳкими дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, рушду ободии Ватан ва осоиши ҳар хонадон мусоидат мекунад.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии Иди Қурбон аз сидқи дил табрику таҳният намуда, пеш аз ҳама хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фароҳдастӣ, ризқу рӯзии фаровон, файзу баракат ва беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу менамояд.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!