Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«МАНТИҚУ-Т-ТАЙР»

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

«Мантиқу-т-тайр», таълифи шоир, ориф ва донишманди асри XIII Фаридуддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Абӯбакр Иброҳим ибни Исҳоқ маъруф ба «Аттори Нишопурӣ» буда, шоир асари мазкурро ба тариқи назмӣ сурудааст. «Мантиқу-т-тайр» аз ҷумлаи асарҳои машҳуртарини Аттор ва маснавиҳои ирфонии назми форсӣ буда, зиёда аз 4600 байтро дар бар гирифтааст.

Аслан маънои ибораи «мантиқу-т-тайр» «сухан гуфтани мурғон» ё «нутқи парранда» аст. Аммо мақсади аслии Аттор нутқу гуфтори соликони маърифат аст, ки ба тариқи тамсил аз забони мурғон баён шудааст.

Китоби мавриди назари мо бо номи «Мақомоти туюр» низ шинохта шудааст. Зоҳиран, чунин ном гирифтани маснавии мазкур аз абёти зерини Аттор сарчашма мегирад:

Кардӣ, эй Аттор, бар олам нисор,

Нофаи асрор ҳам дам сад ҳазор.

Шеъри ту ушшоқро сармоя дод,

Ошиқонро доим ин сир моя дод.

Хатм шуд бар ту чу бар хуршеди нур,

Мантиқу-т-тайру мақомоти туюр.

Дар «Мантиқу-т-тайр» масъалаҳои назария ва амалияи тасаввуф нисбат ба дигар асарҳои мутафаккир бештар равшантар инъикос ёфтаанд. «Мантиқу-т-тайр» ба афкори адабию ҷамъиятии асрҳои баъдина таъсири муайяне гузошта, бисёр намояндагони адабию маданӣ дар пайравии он асарҳо эҷод кардаанд.

Нусхаҳои хаттии «Мантиқу-т-тайр» дар китобхонаҳои акнофу атрофи дунё сабт гардидааст. Аз ҷумла дар «Феҳристи нусхаҳои хаттии китобхонаи Русия» нусхаҳои хаттии китоби мазкур таҳти арқоми № А-28, А-921, А-1604, В-151, В-152, В-153, В-1809, В-1944, В-1980, В-1989, В-2922, С-66 ва С-67 нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, дар фонди МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» зиёда аз даҳ нусхаи хаттию чопии «Мантиқу-т-тайр» нигаҳдорӣ мешавад, ки барои пажӯҳишгарону муҳаққиқон муфид мебошад.

 Туробов И.

мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу

нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«МАНТИҚУ-Т-ТАЙР»
Scroll to Top