Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Толори фулузӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз толорҳои диққатҷалбкунандаи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ин толори  “Давраи фулузӣ” мебошад, ки бо омезиши ду санъат: санъати рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ аз ҷониби  рассоми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилҷон Ёдгоров созмон дода шудааст.

Дар ин толор ташаккулёбии инсонҳо нишон дода шудааст. Бо гузашти солҳо, асрҳо шуури одамон тараққӣ мекунад. Дар ҳазорсолаи 1-уми то милод оҳан ихтироъ мегардад. Ҳамчунин давраи асри оҳан давраи навовариҳои бузург дар таърихи инсоният мебошад, аз ҷумла пайдоиши хат, ташаккулёбии фарҳанг, номгузорӣ ба одамон, ба вуҷуд омадани аввалин давлатҳо. Дар ҳамин давра одамон  истихроҷи маъданро низ меомӯзанд. Ҷои олотҳои меҳнати сангиву биринҷиро оҳан иваз мекунад. Ихтирои оҳан кори одамонро дар соҳаҳои киштукори замин, тоза кардани бешазору ҷангалзорҳои анбӯҳ, истихроҷи маъдан ва умуман ҳамаи соҳаҳоро осон кард.

Ф. Энгелс аҳамияти оҳанро дар таърихи ҷамъияти инсонӣ муайян намуда, навиштааст. “Оҳан аз тамоми ашёи хоме, ки дар таърих роли револютсионӣ бозидааст, охирин ва муҳимтарин, то худи пайдо шудани картошка навтарин ашёи хом буда, ба одам хизмат мекардагӣ шуд. Оҳан барои дар майдонҳои васеъ ривоҷ додани зироат ва ба мақсади киштукор тоза кардани бешаҳои паҳновар имконият фароҳам овард; вай ба дасти ҳунарманд чунон асбоби сахт ва тезе дод, ки ҳеҷ як санг ва ҳеҷ як металли то он замон маълум ба вай муқобил истода наметавонист. Ҳамаи инҳо якбора муяссар нашудаанд; аввалин оҳани ҳосилкардашуда бисёр вақтҳо аз биринҷӣ ҳам мулоимтар буд. ”

Шиносоӣ бо усули аз маъдан истеҳсол намудани биринҷӣ ба инсон дар бобати бо раванди металлургӣ ба даст овардани оҳан ёрӣ расонд. Оҳан дар қураҳои дашӣ, ки ҳарорати он то 1300-1400о  мерасид, гудохта мешуд. Дар солҳои бистуми асри XX ҳамин гуна қураҳоро, ки ҳанӯз мавриди истифода буданд, дар водии Ванҷ пайдо карда буд.

Барои инсони ибтидоӣ ба моддаи ёзанда мубаддал гардидани як порча санги бешакл, яъне маъдан мӯъҷизаосо ва пурасрор менамуд. Ин боиси пайдоиши эҳтироми махсус нисбат ба оҳангару фулузсозон ва ҳар гуна биму ҳароси ҳуруфотпарастона гардид.

 Олоти оҳанӣ оҳиста паҳн мегардид. Аввалҳо оҳанро асосан ба мақсади зебу зинат кор мефармуданд. Баъдтар аз он асбобу аслиҳа месохтагӣ шуданд. Оҳанро ба моддаи ёзанда табдил дода, ба ин васила асбобу олот тайёр кардан аз сохтани олоти биринҷӣ дида чандин мартаба душвортар буд. Техникаи нав ба сустӣ аз худ карда мешуд. Аз ин рӯ, бартариҳои фулузӣ нав зуд ва якбора аён нагардид. Дар аввалин марҳилаҳои зуҳури асри оҳан дар Осиёи Миёна бештар асбобу аслиҳаи оҳангу биринҷӣ, чунончи, ханҷарҳои теғааш оҳаниву дастааш (қисман ё тамоман) биринҷӣ сохта мешуданд.

Дар Осиёи Миёна ғалабаи асри оҳан хеле барвақт ба амал омад. Баъзе кишварҳои дигар, масалан Чин дар ин бобат аз Осиёи Миёна  чандин садсолаҳо ақиб монда буданд.

Ёдгориҳои асри аввали оҳан дар Осиёи Миёна назар ба ёдгориҳои пешини асрҳои санг ва биринҷӣ ниҳоятдараҷа кам кашф ва таҳқиқ гардидаанд. Дар ҷануби Туркманистон баъзе масканҳои қадима, ки ҳаёти онҳо ҳанӯз аз аҳди энеолит шурӯъ гардида буд, мавҷудияти худро дар асри оҳан низ давом медоданд. 

Дар ин толор гудозиши оҳан дар оташ нишон дода шудааст.

 

Сайфиева Шарифа

 

Роҳбалади Осорхонаи таърихии

 

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”


 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТолори фулузӣ
Scroll to Top