Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2021

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мутобиқ ба қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

 

4 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2021, нақша - чорабинии муассиса бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва тасдиқ карда шуд.

Аз тарафи ходимони илмии шуъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуда, ба маъмурияти муассиса пешниҳод гардидааст. Экспонатҳои асосии соли 2020 қабул шуда ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангии вилоят аз фонди осорхона 60 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд.

Аз тарафи роҳбаладон ва кормандони илмии Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сайри илмии мавзӯӣ ва мақолаҳо таҳти унвони “Занон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Хонаи миллӣ дар намоишгоҳи осорхона”, “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илми таърихшиносии тоҷик”, “Аз таърихи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд” таҳия карда шуданд.

Аз тарафи кормандони илмӣ барои нашри навбатии “Ахбори илмии осорхона №6” мақолаҳо омода шуда истодааст.  

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассиса 2 маротиба конфронс, 2-маротиба вохӯрӣ, 8-маротиба намоиш ташкил карда шуд.

Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 18914 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 1965 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 5890 нафар тамошобинон 245 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 13024 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 73 нафар, фарогири сайри илмӣ 13 нафар, давлатҳои ИДМ 105 нафар, 39 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 6118 нафар мебошанд.

Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 3444 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 603 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 2223 нафар тамошобинон 141 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 1221 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 23 нафар, фарогири сайри илмӣ 9 нафар, давлатҳои ИДМ 17 нафар, 13 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 1057 нафар мебошанд.

Аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов 5399 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 1072 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 2510 нафар тамошобинон 77 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 2889 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 8 нафар, фарогири сайри илмӣ 4 нафар, давлатҳои ИДМ 36 нафар, 16 нафар фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 1529 нафар мебошанд.

Дар маҷмӯъ теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 27757 нафарро ташкил дода, 262 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд. Аз миқдори умумии тамошобинон 3640 нафар аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 10623 нафар тамошобинон 463 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 17134 нафарро ташкил медиҳанд. 

Дар асоси шартнома донишҷӯёни курсҳои III - IV факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни курсҳои II факултаи таърих ва ҳуқуқи МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҷрибаи истеҳсолии худро дар осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, донишҷӯён аз фаъолияти илмию фарҳангии муассиса аз наздик шинос шуда, бо тарзҳои ҳуҷҷатгузории шуъбаҳои осорхона, тарзи гузаронидани сайри илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маълумотҳои кофӣ гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватюк В.М., собиқ Котиби генералии ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита бо ҳайати ҳамроҳонаш ва дигарон дидан ба амал оварданд. 

Аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба ТВ Ҷаҳоннамо, “Диёр”, 7-ситора, ТРК “Азия”  доир ба фаъолияти муассиса мусоҳиба доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хабарнигорони ТВ Сафина, СМ-1, Сомон ва рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” гузоришҳо аз фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омода ва пахш гардид. 

Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд. 

Дар ин давра дар мавзеи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 250 000 пиёзакҳои гули лола, зиёда аз 120000 гулҳои мавсимии Петуня, Вербеня, Тагетис шинонида шуданд. Ба майдонҳо поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ  шаклдарорӣ карда шуд. Дар ин мавсим ниҳолҳои мевадиҳандаи Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ иваз карда шуда, гулҳои садбарг шинонида шуд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии  ба номи Камоли Хуҷандӣ мунтазам бо маҳлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард карда шуда истодааст.

Ҷӯи Раззоқи ҳудуди боғ бо пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, партовқуттиҳои корношоями пластикӣ иваз карда шуданд. Қуббачаҳои панҷараи иҳотавии ҳудуди маҷмаа рангубор ва сафед карда шуданд.

Сутунҳои равшанидиҳандаи ҳудуди боғ ва таршерҳо, нишастгоҳҳо рангубор карда шуда, шиору овезаҳои ҳудуди боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ иваз карда шуданд.

Кулли кормандони маҷмаа баҳри дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони олиқадр тариқи ҳашар якқатор корҳои ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди маҷмаа корбарӣ намуда истодаанд.

Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти  пурсамар бурда барои таҷлили солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2021
Scroll to Top