Тоҷикон яке аз миллатҳои мутамаддин ва дорои суннатҳои қадимтарини моддиву ғайримоддӣ мебошад. Ҳунармандон асосан бо касбу ҳунарҳои бофандагӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, дуредгарию кандакорӣ ва ғайраҳо машғул буданд.
Яке аз ҳунарҳои мардумии қадима, ки дар ҳаёти моддии мардумии тоҷик аз замонҳои бостон то имрӯз идома дорад, ин сабадбофӣ мебошад. Бофтани сабад маҳорати махсусро тақозо мекунад. Сабадро аз навдаҳои дарахтон, ки онро химча меноманд мебофанд. Асосан навдаҳоро аз дарахтони тут, бед, сияҳбед, сафедор, биҳӣ, олуболу, най ва ғайра бурида гирифта ҷамъ менамуданд. Агар навдаҳо хушк бошанд онҳоро дар об тар мекунанд, то ки ҳангоми бофтан нашикананд. Ду тарафашро ба мисли нӯги қалам метарошанд ва баъд навдаҳои хурду калонро ҷудо мекунанд. Пеш аз шурӯи кор сабадбоф ҳамаи онҳоро дар шакли доира мегузорад. Баъд як-як онҳоро гирифта, аз қисми поёни сабад ба бофтан шурӯъ менамояд. Ҳамин тавр қисми болои сабадро низ бо тартиби хос мебофад. Пас аз бофтани сабад онро ба ҷойи махсус мегузорад, то ки хушк шавад. Баъд аз омода шудани сабад онро ба таври дилхоҳ ранг кардан мумкин аст. Баъзе сабадбофон сабади бофтаи худро 3-4 соат ё бештар дар об тар карда, рӯяшро бо матоъ мепӯшонанд.
Дар гузашта сабадбофӣ аз насл ба насл мегузашт. Яъне ин касбро аз падару бобоёни худ омӯхта, онро ба фарзандони худ меомӯзониданд ва аз маҳсули он рӯзгори худро пеш мебурданд.
Сабадҳо якчанд хел мешуданд: харсабад, гирдасабад, хӯрҷинсабад, нонсабад, сабади гирда, охурсабад, сабади дарозрӯя, сабади дастадор, симсабад ва ғайра. Ҳамчунин аз ҷиҳати ҳаҷм сабадҳо ду хел мешаванд: сабади калон ва сабади хурд.
Сабадҳои калон одатан аз навдаҳои дарозу ғафсу боқувват сохта мешуд, ки онро “гирдсабад”, “харсабад”, “хӯрҷинсабад” мегуфтанд ва онро асосан барои нигоҳ доштани мева ва сабзавот кор мефармуданд. Инчунин сабадҳо барои кашонидани масолеҳи сохтмонӣ дар кӯҳистон васеъ истифода мешуд.
Сабадҳои хурд барои корҳои нисбатан сабуктар истифода мешуданд. Масалан дар анбори хона дар сабадҳои гуногун анвои хӯрокиро нигоҳ медоштанд. Ин навъ сабадҳоро аз навдаҳои нозук, аз химчаҳо, аз най ва ҳатто сим мебофтанд. Чунин сабадҳоро барои аз ҷое ба ҷое бурдани мева, сабзавот ё анвои хӯрокӣ истифода мекарданд.
Аз ҷиҳати намуд бошад, сабадҳо дастадор, бирешим, нимча ва ғайра мешуданд. Сабадҳои бирешим тахминан то як метр мешаванд. Барои он бирешим мегӯянд, ки ба мисли абрешим хеле нафис аст. Сабадҳои нимча хурдакак буда, занҳои деҳот барои гирифтани қурут ё чизи дигар истифода мебурданд.
Дар замонҳои пеш дар Осиёи Миёна дӯкону растаҳои махсуси сабадбофӣ ва сабадфурӯшӣ мавҷуд буданд, ки мардум аз он ҷо барои истифода дар рӯзгор сабадҳои дилхоҳи худро харидорӣ мекарданд. Ҳунармандон дар баробари сабадҳое, ки барои рӯзгори мардум заруранд, инчунин анвои гуногуни сабадҳои ороишӣ ва армуғоние аз химчаҳои нозук, қоғазҳои ранга, пластмасса ва сим барои оро додани гӯшаи хона, рӯйи миз, осорхона, дӯкон ва амсоли инҳо мебофтанд.
Дар замони муосир сабадчаҳои хурди армуғонӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аз ҷумла барои ҷиҳози арӯс, атриёт, гулҳо ва ғайра.
Ҳунари сабадбофӣ ҳоло низ дар байни мардуми тоҷик роиҷ аст. Сабадбофҳо аз маҳсулоти мухталиф, сабадҳои зиннатии хурду калон мебофанд ва ҳамчунин ашёи ороишие ба мисли табақ, табақча, коса ва ғайра бофта, пешкаши мардум менамоянд.
Дар маъхази “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” зиёда аз 6 адад сабадҳо мавҷуд буда, беҳтарини аз онҳо дар экспозитсияи намоишии Хонаи миллии Осорхона ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Д. Саидова
Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”