Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар бораи панду ахлоқ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷамъоварӣ, ҳифз ва нигаҳдории дастхатҳои қадима, ки инъикоскунандаи таъриху фарҳанги миллати мо маҳсуб мешавад, мақсади асосии ҳар осорхона ба ҳисоб меравад.


Осорхонаи таърихии вилояти Суғд фаъолияти худро ба ҳамин мақсад равона намуда, барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона дар қатори дигар ашёҳои таърихӣ китоби “Дар бораи панду ахлоқ”-ро харидорӣ намуд, ки он тахминан ба миёнаҳои асри 19 мансубият дорад. Китоб таҳти №157 қарор дошта, соли 1266 ҳ.қ. ба табъ расидааст. Муаллифаш номаълум буда, бо забони форсӣ навишта шудааст. Хатташ настаълиқ, комил ва аз 104 барга иборат мебошад. Навъи асар динӣ (назму наср), андозааш 22х13,5 аст. Саҳифаҳо аз 13 сатрагӣ иборат буда, ҳар як мавзӯъ бо рақамгузорӣ ва ранги сурх ишора шудаанд. Матни асар бо хатти равшану хоно китобат шуда, насри зебое дар омезиши назмӣ шево мебошад.

М. Бойматова

Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар бораи панду ахлоқ
Scroll to Top