Санаи 22-уми июн дар даромадгоҳи “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”-и Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбасти Озмуни вилоятии “Мисгарию оҳангарӣ” доир гардид.
Дар озмун ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда, маҳсулоти омоданамудаи худ, ки ифодагари эҳёи ҳунарҳои мардумии мисгарию оҳангарӣ мебошанд, пешкаш намуданд.
Ғолибон аз ҷиҳати сифати маҳсулоти хеш, ташкили намоиши маҳсулот, шакли муаррифии онҳо, таъсиси мактаби ҳунармандӣ ва тарбияи шогирдон муайян гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи беҳтарин ҳунари мардумии “Мисгарӣ” ҳунарманд кордсоз Мирзоев Иброҳим аз ш.Истаравшан., беҳтарин ҳунари мардумии “Оҳангарӣ” ҳунарманд Ҳомидов Абдуманон аз н.Конибодом бо дипломи дараҷи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сазовор гардиданд. Ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм бо дипломҳои дараҷаи II, III ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000, 1000 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба маҳсули меҳнати ҳунармандон мебошад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд.
Олимова Н.
Ҷонишини омири Осорхона оид
ба корҳои илм
МД МФТ "Калъаи Хуҷанд"