Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ваҳдат ягонагии миллат аст.

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Таърихи бою қадимаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дарбар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ  нақши махсусро ишғол менамояд.

     Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ абадан бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон, ки ибтидои солҳои 90- ум гирифтори даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ  гардида буд, дар кишвар сулҳу  субот фароҳам омад ва ин рӯйдоди бузург ба марҳилаи  созандагию бунёдкориҳои азим дар сарзамини аҷдодиамон оғоз бахшид.

    Ваҳдат падидаи созандаест, ки маҳсули тафаккур ва ақлу хиради инсонӣ буда, инъикосгари пирӯзии рӯшноӣ бар зулмот, некӣ бар бадӣ, пирӯзии ақл бар ҳиссиёт мебошад.Инро дар мисоли сулҳу оштии миллии тоҷикон дида метавонем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодир эътироф гардида, мавриди омӯзиши ниҳодҳои байналмиллалӣ қарор дорад.

     Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, мутафаккирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохти динӣ ва аҳли илму адаб беназиранд. Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани  тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, аз бузургтарин ва беназиртарин хизматҳои тақдирсозанд, ки Пешвои миллат барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд. Истиқрори сулҳу созгории миллӣ, тантанаи ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки аз хидматҳои таърихии Президенти кишвар дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллист, талошҳои тоҷиконро дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз иқтидори азими маънавӣ бархурдор намуд.

      Боиси ифтихор аст, ки имрӯз  халқи сулҳхоҳу ватанпарасти Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ботантана таҷлил мекунад. Ин рӯзи таърихӣ, воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон  оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ  ба мардуми тоҷик  нерӯю тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шӯълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва дилҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодию фараҳ гардонид. Марҳалаи начандон тӯлонии  таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ, сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

 

Мудири шуъбаи таърихи давраи муосири

Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Муҳаррамхон Хоҷаева     

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Ваҳдат ягонагии миллат аст.
Scroll to Top