Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаи хаттии “Ҷомеъу-л-улум” таҳти №16 қарор дорад, ки аз ҷониби котиб Мулло Соҳибхон ба табъ расидааст. Нусха бо забони форсӣ навишта шуда, навъи асараш динӣ мебошад. Муаллифаш Ҷалолиддин Ҳасан ибни Аҳмад Ҳусайнии Бухорӣ буда, соли 1113 ҳиҷрӣ ба табъ расидааст. Андозааш 27х17 буда, аз 544 барга иборат мебошад. Нусха мавриди назар аз қадимтарин нусхаҳои китоби “Ҷомеъу-л-улум” аст. Муқовааш дорои туранҷ ва сартуранҷ мебошад. Китоб феҳристи матолиб низ дорад, ки тибқи он асари мазкурро ба матлабҳои арабӣ бо хатти сурх ишора карда шудааст. Хатташ настаълиқ буда, таърихи 320 сола дорад.
М. Бойматова
корманди илмии шӯъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”