Ҷом – қадаҳ, соғар, зарфест барои нӯшидани шаробу шарбат. Вожаи ҷом дар Авесто ба шакли “йама” дар паҳлавӣ “ҷом” ё “йом” омадаааст.
Аввалин ҷомҳои пайдонамуда ба ҳазораи IV-V пеш аз милод мутааллиқан, ки аввалин онон сангӣ ва баъдан бо мурури асрҳо филизию чӯбӣ, сафолӣ ва устухонию шишагӣ будаанд. Ҷомҳои мухталифи қадимӣ қариб аз тамоми манотиқи тамаддуни Эронизамин падид омадаанд, ки аксари онҳо мунаққаш бо ашколи ҳайвоноти гуногунанд. Аксари ҷомҳои замони куҳан тасвирҳои ҷолиб ва нақшунигори ҳаққоқишуда доранд, ки дар онҳо нишонаҳое аз оинҳои он замонҳо ва аксҳои афсонавӣ тасвир гардидааст. Минбаъд кулолон ҷомҳоеро дар шакли пиёла сохтаанд. Пиёлаҳои ҷомгуна ба тарҳи мунаққаш, тасвири дарахтҳо, хатҳои сафеди мавҷдор, тайзини зарринформи сабзранг бо тарҳи дарахти зиндагӣ таҳия шудаанд. Ҷомҳои поядор низ маъмул шуд. Баъдҳо аз асрҳои XIII-XIV шишагарӣ рушд ёфт, ки бархе ҷомҳои шишагӣ дар Самарқанду Ҳирот сохта шудаанд. Бо гузашти замон устоҳои моҳир бо нақшҳои гиёҳҳо ҷомҳои булурин низ сохтанд. Дар рӯи гоҳе аз намунаҳои шеърҳои шоирон низ ҳаққоқӣ мегардиданд. Ҷомҳои зебои мунаққаш бо тазйинҳои зиёд то замони мо расидааст, ки онҳоро метавон аз коллексияи маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан кард.
Аз ҳама ҷоми ҷолиби диққат, ки солҳои охир ба коллексияи фонди осорхона ворид карда шуд, ин ҷоми сафолини асрҳои III-II пеш аз милод мебошад. Ин ҷом ҳангоми ковишҳои археологӣ дар қисмати Помири шимолӣ аз тарафи бостоншиноси маъруфи тоҷик Бобоев Ӯктам Ҷӯраевич дарёфт гардидааст. Ҷом аз гили рангаш сурхчатоб сохта шуда, дар қисмати дохилаш ангоба давонида шудааст. Тарҳаш ба зангӯла шабоҳат дошта, қутри даҳонаш 10см ва баландиаш 12,5см мебошад.
Ин ҷом яке аз экспонатҳои нодири осорхона ба ҳисоб рафта, аз маданияти баланди миллати куҳанбунёди тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Мутриба Мамадҷонова
мудири шуъбаи таърихи МД
“Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”