Санаи 11-уми июн ҳайати ҳамроҳикунандаи Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.
Меҳмонони олимақомро дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилоят Суғд шахсони масъул хуш пазироӣ намуданд. Осорхонаи таърихии вилоятӣ, ки дорои зиёда аз 1500 нигораҳо мебошад, таърихи дирӯзу имрӯзи халқи тоҷикро инъикос менамояд. Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Осорхона сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Сараввал, онҳо аз таърихи куҳани таъсисёбии осорхона маълумот гирифта, сипас бо толорҳои экспозитсионӣ аз наздик шинос гардиданд. Дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и осорхона ҳамчун рамзи дӯстӣ соядасти худро гузоштанд, ки дар он чунин омадааст: “Тожикистон ва Ӯзбекистон дӯстлиги бардавом бӯлсин! Самимий тилаклар билам.
Малика Қодирхонова
Сенатор, кумита раиси”.
Лозим ба ёдоварист, ки меҳмононро муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳамроҳӣ намуданд.
Н. Бузурукова
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”