Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тибқи нақшаи таълимии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз санаи 01.06.2021 то 18.06.2021 донишҷӯёни факултаи таърих ва ҳуқуқ дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таҷрибаомӯзии таълимӣ гузаронида истодаанд.

Таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолии донишҷӯён тибқи нақшаҳои таълимӣ асосан баъд аз сессияи санҷишу имтиҳоноти тобистона бо фармоиши ректори донишгоҳ дар моҳҳои июн, июл гузаронида мешавад. Таҷрибаи таълимӣ-истеҳсолии донишҷӯён яке аз муҳимтарин қисмҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос ба шумор меравад. Он дар корхонаҳою муассисаҳо ва ташкилотҳои гуногун гузаронида шуда, омодагии назариявии донишҷӯёнро бо фаъолияти амалии онҳо таъмин сохта, барои фаъолияти касбии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳамчунин донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ бо роҳбарии Раҳимов Н.Т. – д.и.т., профессори кафедраи таърихи ватан ва археологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар корҳои ҳафриётии Қалъаи Хуҷанд иштирок намуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” донишҷӯёни факултаи забонҳои хориҷӣ, таърих ва ҳуқуқ, филология ва ғайра таҷрибаомӯзии худро дар ин мавзеъ мегузаронанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён
Scroll to Top