Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 9-уми июн дар даромадгоҳи “Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷамъбасти Озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ доир гардид.

Дар озмун ҳунармандони шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуда, маҳсулоти омоданамудаи худ, ки ифодагари эҳёи ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ мебошанд, пешкаш намуданд.

Ғолибон аз ҷиҳати сифати маҳсулоти хеш, ташкили намоиши маҳсулот, шакли муаррифии онҳо, таъсиси мактаби ҳунармандӣ ва тарбияи шогирдон муайян гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи беҳтарин ҳунари мардумии “Кандакорӣ” ҳунарманд Мадиев Ҳ аз н.Ҷаббор Расулов., беҳтарин ҳунари мардумии “Гаҷкорӣ” ҳунарманд Суфизода О. аз н.Мастчоҳ, беҳтарин ҳунари мардумии “Оинабандӣ” ҳунарманд Комилов А. аз н.Деваштич, беҳтарин ҳунари мардумии “Кундалкорӣ” ҳунарманд Иброҳимов И. аз ш.Истаравшан бо дипломи дараҷи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сазовор гардиданд. Ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм бо дипломҳои дараҷаи II, III ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000, 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба маҳсули меҳнати ҳунармандон мебошад. Зеро ҳунарҳои мардумӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд.

 Н. Бузурукова

Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООзмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ
Scroll to Top