Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳамасола санаи 5-уми июн бо ташаббуси Ассамблеяи Генералии Созмони милали муттаҳид дар тамоми мамлакатҳои дунё Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз аз соли 1988 таҷлил карда шуда, аз соли 2008 инҷониб ба иди давлатӣ табдил ёфтааст.

Ҷашн гирифтани ин санаи муҳими экологӣ яке аз усулҳои ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардуми дунё ба муаммоҳои муҳити зист ва такон бахшидан ба ҳалли саривақтии онҳо мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кулли кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро бо ин иди касбӣ самимона табрику таҳният намуда, сиҳатмандиву бурдборӣ, зиндагии шоиставу пурнишот ва дар иҷрои рисолати касбӣ барору комёбиҳо орзу менамояд.

Бигзор кормандони ҳифзи муҳити зист фаъолияти хешро баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти беҳдошти муҳити зист ва оқилона истифода намудани сарватҳои табиӣ таҳким бахшида, барои аз лиҳози экологӣ минтақаи тозаву обод нигоҳ доштани манзили худ саҳми назаррас гузоранд!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист
Scroll to Top