Санаи 31-уми май дар вилояти Суғд бо иштироки соҳибкорони вилояти Суғд ва соҳибкорони вилоятҳои Намангон, Фарғона ва Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бизнес Форум баргузор гардид. Дар он соҳибкорон тибқи формати В2В мулоқот намуда, байни онҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд. Аз ҷумла баҳри шиносоӣ аз таърихи пурғановати халқи тоҷик ба МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд. Меҳмонон сараввал аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуда, аз ҷониби кормандони Осорхона дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхона бо таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик аз низдик шинос гаштанд. Сипас меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи таърихии вилоятӣ таассуроташонро қайд намуданд.
Ҳамчунин меҳмонон аз манзараҳои зебою дилфиреби Боғи фарҳангӣ – фароғатии Камоли Хуҷандӣ дидан карда, нахуст аз пайкараи шоир ва баъдан ба мақбараи рамзии шоир ташриф оварданд.
Лозим ба ёдоварист, ки меҳмононро сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Ш. Ахмедов ва сардори Кумитаи робитаҳои иқтисодии хориҷа Х. Муродзода ҳамроҳӣ намуданд.
Бузурукова Н.
Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”