Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боиси хурсандист, ки ҳамасола санаи 1-уми июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад.


Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд. Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кӯдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст”.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон яке аз идҳои қадимӣ ба ҳисоб рафта, таърихи пайдоиши худро дорад. Аввалин маротиба қарори таҷлили ин ҷашн соли 1925 дар Женева – дар конфронси байналмилалӣ, ки ба хотири беҳбуди зиндагии қишри хурдсоли кураи Замин бахшида шуда буд, қабул шуда, аз ҳамон вақт – 1 – июн ҳамчун ид муқаррар гардид. Мақсади асосии Рӯзи ҳифзи кӯдакон, ин ҷалб кардани диққати ҷомеа ба мушкилиҳои ҳалталаби воқеии кӯдакон мебошад.

Маъмурияти МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кулли кӯдакони вилоятро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон самимона табрику муборакбод намуда, осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатӣ ва хушбахтӣ таманно менамояд. Бигзор кӯдакон дар оянда ҳамчун шахсиятҳои бофарҳанг, ватандӯсту худшинос ва ворисони арзанда ба камол расида, миллат, забон ва Ватани  худро дӯст доранд ва бо он ифтихор намоянд.

Саодатманду сарбаланд бошед, кӯдакони азиз!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО1-июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Scroll to Top