Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Санаи 26-уми май дар доираи сафари корӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита бо ҳайати ҳамроҳонаш баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.

Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони осорхона сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сараввал онҳо аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот гирифта, сипас бо толорҳои экспозитсионӣ шинос гардиданд.

Меҳмонон аз шиносоӣ бо осорхона таассуроти нек бардошта, Сафири Фавқуллода Такаюкӣ Мияшита ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таассуроташро қайд намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки бо дастгирии сафорат якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла лоиҳаҳои системаи оби нӯшокӣ дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, сохтмони канали обёрӣ дар Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, дастрас намудани таҷҳизот барои маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан, сохтмони маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд татбиқ гардид.

Н. Бузурукова

Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд боздид намуд
Scroll to Top