Мардуми фарҳангдӯсту завқманди тоҷик аз қадимулайём китобро муқаддас медошт ва бе зери болини кӯдак мегузошт, то Офаридгор тифли навзодро дар паноҳаш нигаҳ дорад ва ӯ солим, оқилу доно, поксиришт ба воя расад.
Дар фонди Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” китоб таҳти рақами 194 бо номи “Аҳкоми фиқҳӣ ва масоили шаръӣ” маҳфуз буда, таърихи беш аз 180 сола дорад. Навъи асар динӣ буда, забонаш тоҷикӣ мебошад. Муаллифаш номаълум буда, асар аз тарафи Миртемур ибни Мирзоқурбони исфарагӣ ба табъ расидааст. Китоб дастхат буда, ҳолаташ хуб, аз 466 барга ва 931 саҳифа иборат мебошад. Хатти нусха настаълиқу зебову хоно буда, котиби он зоҳиран бисёр хушсаводи нуқтасанҷ будааст. Мазмун ва мундариҷаи китоб дар бораи одобу русуми масҳаби ҳанафист. Нусха мавриди назар аз рӯи таркиби навишт хатту одоби нусханависӣ эҳтимоли хуби касбӣ буданро дорад.
М. Бойматова
корманди илмии МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд