Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди намояндагони донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Санаи 23-юми май намояндагони донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия бо сарварии роҳбари РОССОТРУДНИЧЕСТВО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам И.С. Иванов ба Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф ба амал оварданд.

Меҳмононро дар даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Б. Қосимов ва омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И. Иброҳимов пешвоз гирифтанд. Ба меҳмонон аз тарафи роҳбалади ботаҷриба И. Мирзоева доир ба таърихи бою куҳани осорхона сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Меҳмонон аз толорҳои экспозитсионӣ, ки дар онҳо таърихи халқи тоҷик аз асри санг то ба даст овардани Истиқлолияти Тоҷикистон сабт гардидааст, шинос гардиданд. Меҳмонон аз тамошои осорхона тассуроти нек бардошта, хотироти худро дар китоби сурхи осорхона қайд намуданд: 

“Северо – Кавказский Федеральный университет выражает огромную благодарность руководству и работникам музея за предоставленную возможность познакомиться с историей древнейшего города Худжанд.

Спасибо большое!

Успехов.

Начальник отдела международного

образования СКФУ г. Ставрополь

Сидоренко Станислав”.

 

“Санкт – Петербурский государственный университет промышленных технологий и дизайна выражает Вам огромную благодарность за возможность посетить музей. Отдельную благодарность и почтение выражаем Иноят Пулатовне за интереснейшую экскурсию. Желаем процветания музею.

Начальник управления

информации и рекламы СПГУ

Храмчихина Марина”.

 

Ҳамчунин меҳмонон аз рафти корҳои сохтмонӣ ва эҳёи Қалъаи Хуҷанд аз наздик шинос гардиданд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иншооти нав бунёд гардида, нишонаҳои таърихии қалъаи қадима барқарор карда мешавад.

Ҳадаф аз сафари кории меҳмонон ба вилояти Суғд барои ҷалби ҷавонони боистеъдод ба донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия ва боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошад.

Наргисахон Бузурукова

Китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди намояндагони донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top