Санаи 21 майи соли 2021 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони мамлакат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” баргузор гардид.
Дар баромади худ Пешвои муаззами миллат қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд”.
Ҳамзамон ҷавобатан ҷавонон низ ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат арзи сипос баён намуда, ваъда намуданд, ки барои гул-гул шукуфоии ватани азизи худ ва муарифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ман низ, яке аз ҷавони даврони соҳибистиқлол аз ин вохӯрӣ бо Пешвои миллат барои худ як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи кори худ ҳисобида, дар оянда кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки барои ободии меҳани азизам саҳми худро гузорам.
Мутриба Мамадҷонова – иштирокчии
вохӯрии ҷавонон бо Пешвои миллат,
мудири шуъбаи таърихи МД “МФТ”
“Қалъаи Хуҷанд”