Ҳамасола аз соли 2017 инҷониб рӯзи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъи миллати тоҷик дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодии миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб гузошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат менамоянд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишвар саҳми арзишманд мегузоранд.
Имрӯз дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодии миллӣ, бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, нерӯгоҳҳои хурду бузург, сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва умуман дар раванди пешрафту ободонии кишвар нақш ва саҳми ҷавонон басо арзишманд мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда маъмурияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамояд.
Бигзор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ҳамеша ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошанд.
Рӯзи ҷавонон муборак бошад!