Имрӯзҳо Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” яке аз манзилҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатӣ ба ҳисоб рафта, ҳар рӯз ҳазорҳо меҳмонони ватанию хориҷӣ аз ин макон сайру тамошо менамоянд.
Санаи 20-уми май як гурӯҳ меҳмонон аз вилояти Ханти-Мансийски Федератсияи Русия ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф ба амал оварданд.
Меҳмононро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. пазируфта, доир ба ҳамкорӣ оиди рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии мавзеъҳои таърихӣ гуфтушунид намуд. Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сайри илмии осорхонавӣ гузаронида шуд. Сараввал, онҳо аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот гирифта, сипас бо толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.
Дар охир меҳмонон дар китоби хотиротии осорхона соядасти худро гузоштанд:
“Благодарим Вас, за тёплый, радушный приём, знакомство с наследием. Надеюсь на продуктивное сотрудничество и реализацию совместных проектов, направленных на развитие внешнего туризма, обмена опытом и компетенции!
Сидорова О.В.
Эксперт по развитию гражданского
Общества общественной палаты ХМАО-Югра
Председатель РОО «Югорский интелектуальный клуб»
Усманов А.А.
Научный сотрудник МБУК «Сургутский краеведческий музей”
Пахотин Д.С.
Депутат Думы города Сургута
Кулдашев Т.Б.
Директор АНО “Центр АМП”.