Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ – ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 18-уми май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ва бо мақсади хотирмон таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар “Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ”-и МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳамоиши волонтёрон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҷавонони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” иштирок намуданд. Чорабинии мазкур аз тарафи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташкил гардид.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш ҷавонони имрӯзаро дар руҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ тарбият намудан буда, бигзор ҷавонон сазовори сатҳи эътимоди давлату Ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат бошанд, яъне дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, гирифтани дониш, мубодилаи таҷрибаи дошта бо насли наврас, баланд бардоштани обрӯи давлату миллати тоҷик миёни дигар давлатҳо пешсаф бошанд.

Н. Бузурукова

китобдори МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶавонон – пайрави Пешвои миллат
Scroll to Top