Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шабе дар осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар замони муосир осорхона баҳри татбиқи рисолати хеш-омӯзишу таҳқиқ, ҳифзу нигаҳдории намунаҳои нодиртарини мероси таърихию фарҳангӣ нақши бузург дорад. Алҳол осорхона тавассути баргузории силсилаи чорабиниҳо дар раванди тарбияи худшиносию худогоҳии миллӣ, муаррифии хотираи таърихӣ ва манзури ҷомеа намудани арзишҳои таърихию фарҳангӣ саҳми муносиб мегузорад.

Дар осорхона фаъолияти оммавӣ-фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳим ва инкишофёбандаи коргузорӣ мебошад. Дар замони имрӯза шаклҳои гуногуни фаъолияти фарҳангӣ-маърифатии осорхонаҳо вуҷуд доранд. Мутахассисону донишмандони соҳаи осорхонашиносӣ 10-шакли асосии онро таъкид менамоянд: экскурсия, маърӯза, машварат (консултатсия), хонишҳои илмӣ (конфронс, ҷаласа), маҳфил, озмун, вохӯрӣ, консерт (намоиши театрикунонидашуда), ид, бозиҳои таърихӣ.


Баргузории чорабинии “Шабе дар осорхона” дар осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо яке аз онҳост. Дар он шаҳрвандон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ, муҳассилин ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ройгон (аз соати 16-00 то 22-00) боздид менамоянд.

Дар чорабинии имсола аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд – 764 нафар, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н. Неъматов – 212 нафар, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ – 159 нафар дидан намуданд. Дар маҷмӯъ дар аксияи “Шабе дар осорхона” аз осорхонаҳои МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 1135 нафар боздид намуданд.

Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ ин пеш аз ҳама пешбурди сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба осорхона ва муаррифии осори ниёгон маҳсуб меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чорабинии “Шабе дар осорхона” бори аввал соли 1997 аз шаҳри Берлини Олмон оғоз шуда, баъдан соли 1998 дар Фаронса, Англия, Русия баргузор гардидааст. Айни замон 30 000 осорхонаҳо дар 120 кишвари олам ҳамасола ин чорабиниро таҷлил менамоянд. 

Аслиниссо Ёдгорӣ

мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва

робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОШабе дар осорхона
Scroll to Top