Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рушди осорхонаҳо дар даврони Истиқлол

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Имрӯз дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваҷҷӯҳ ба осорхонаҳо  ҳамчун махзани ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ  дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қарор дорад. Зеро  осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои худ метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори  миллӣ, арҷгузории осори атиқӣ, зебопарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд. Осорхонаро метавон оинаи миллат шумурд ба хотири он, ки кулли ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқ, ки инъикосгари давраҳои гуногуни таърихию фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб мераванд, маҳз дар ҳамин  даргоҳ ҳифз ва тарғиб карда мешавад. Аз рӯи  гуфти  яке аз  донишмандони  соҳаи осорхонашиносӣ Н.Ф.Фёдров: «Осорхона иртиботу эҳтироми гузаштагону имрӯзиёнро ба  вуҷуд меорад. Агар ин эҳтирому иртибот аз байн равад, инсон ҳамчун мавҷудоти дорои одобу ахлоқ рисолати худро аз даст медиҳад ва ҳамчун бут бетавовут боқӣ мемонад».

Дар даврони истиқлол заминаи воқеии ҳуқуқӣ барои рушду нумуи соҳаи фарҳанг ва фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ гузошта шуд. Қабули сисилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар боари фарҳанг” (1997), “Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо” (2004, 2012), “Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ” (2001), “Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” (2006), қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хазинаи осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1996), “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2005) ва “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра барои азнавсозӣ, бунёд ва рушди минбаъдаи осорхонаҳои Тоҷикистон мусоидат карданд.   

Қабули силсилаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии ишорашуда барои ба зинаи нави рушд ворид шудани осорхонаҳо ва ба талаботи даврони истиқлол муносибу мувофиқ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо шароит муҳайё сохт ва барои бунёди навъҳои гуногуни осорхонаҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ замина гузошт.

Дар даврони истиқлол дар вилояти Суғд биноҳои нави ҷавобгӯи талаботи рӯз таъсис дода шуд. Аз ҷумла Осорхонаи таърихии вилояти Суғд (соли 2006), Осорхонаи “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” (соли 2017), Осорхонаи таърихӣ - кишваршиноси н.Спитамен (соли 2019) ва ғайраҳо таъсис ёфтанд.  

Бо мақсади абадигардонии хотираи олими барҷаста, ходими давлативу ҷамъиятӣ Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 1998 дар н.Б.Ғафуров “Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров” таъсис дода шуд.

Навъи дигари осорхонаҳо, ки осорхона-мамнӯнгоҳ мебошад. Осорхона мамнӯнгоҳ намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнуънгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табии ба онҳо алоқаманд таъсис дода машавад. Дар вилоят Мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносии Саразм соли 2001 ташкил карда шуд. Осорхона – мамнуъгоҳ тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дастрасии шаҳрвандонро ба онҳо таъмин менамояд, нигоҳдорӣ, омӯзиш ва тарғиби объектҳои зикршударо ба роҳ мемонад, инчунин барои ҳифзи табиат ва туризм шароит фароҳам меорад.

Дар даврони истиқлол “Хона – осорхонаҳо” ҳам рушд ёфтанд, ки ба монанди хона – осорхонаҳои “Аҳрор Мухторов” (соли 2002) дар ш.Истаравшан, “Лутфи Саид” (соли 2007) ш.Исфара, Хона – осорхонаи этнографии Ҳоҷи Юсуф Мирфаёзов (соли 2010) ш.Хуҷанд Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ (соли 2015), Хона – осорхонаи этнографии – меъмории Эргашбойбача (соли 2016) ш.Хуҷанд ва ғайраҳо таъсис дода шуданд.

Бо мақсади ҳарчи бештар муаррифӣ намудани дастовардҳои даврони истиқлол дар осорхонаҳои вилоят гӯшаву шуъбаҳои нав доир ба Истиқлолият созмон ёфтанд.

Ҳамин тавр, дар даврони истиқлол заминаи ҳуқуқии рушди осорхонаҳо гузошта шуд ва давра ба давра дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни осорхонаҳо бунёд ёфта, қисме аз осорхонаҳо таъмиру азнавсозӣ шуданд. Осорхонаҳои ҷумҳурӣ тавассути баргузории силсилаи чорабиниҳо дар раванди тарбияи худшиносию худогоҳии миллӣ, муаррифии хотираи таърихӣ ва манзури ҷомеа намудани арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва дастовардҳои навини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштанд.

Нодира Олимова

Ҷонишини омир  оид ба корҳои

илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРушди осорхонаҳо дар даврони Истиқлол
Scroll to Top