Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ИДИ КАСБӢ МУБОРАК!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Осорхона – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола санаи 18-уми май дар тамоми кишварҳои дунё Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад.

Осорхона – оинаи тамаддун буда, таъриху фарҳанги қадима ва дунёи муосирро инъикос менамояд, барои эҳсоси оянда, мутобиқгардии афкор ва ахлоқи ҷомеа бо тамоюли замони муосир мусодат менамояд.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки 95-сол ин ҷониб арзи вуҷуд дорад дар амалӣ гардонидани рисолати таърихӣ корҳои назаррасеро анҷом дода, ҳамасола тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ тамошобинони зиёдеро бо гузаштаи ибратомўз ва дастовардҳои даврони истиқлолият аз наздик ошно мегардонад.

Яке аз рисолати асосии кормандони осорхонаҳо ҷамъоварӣ, омўзиш ва ҳифзу муаррифӣ намудани осори пурғановати таърихиву фарҳангии куҳандиёрамон мебошад.

Ҷомеаи меҳнатии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо эҳтироми бузург тамоми аҳли фарҳанг ва кормандони осорхонаҳоро бо ин иди касбӣ – Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо табрику муборакбод намуда, табъи хушу хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва комёбиҳои касбиро орзу менамояд.

Иди касбӣ муборак муҳтарам кормандони осорхонаҳо!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИДИ КАСБӢ МУБОРАК!
Scroll to Top