Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чанд сарчашмаи нодир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осори хаттӣ бахши муҳим ва асосии мероси фарҳангии ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Миллати тоҷик низ ҳанўз аз ҳазораи пеш аз мелод соҳиби хату китоб ва фарҳанги китобдорӣ буд. Шоистаи таъкид аст, ки нахустин котибону нусханависон аз нажоди форс-тоҷик буданд ва дар ҳунари китобат, китобдорӣ ва ҳифзи мероси хаттӣ арҷ мегузоштанд. Имрўз чунин анъана дар фонди Осорхонаи таърихии вилоятии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” идома дорад. Дар фонди осорхонаи номбурда беш аз 400 нусхаҳои хаттиву чопи сангии осори донишмандони гузаштаи миллати тоҷик ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад, ки «Девон»-и Мирзо Абдулқодири Бедил, «Девон»-и Фузулӣ ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ў, «Баёз ва Ҳаҷвиёт»-и Мавлоно Муқимӣ ва Фурқат, «Мунтахаби ашъор» Мирзо Абдулқодири Бедил, «Девон»-и Махфӣ, «Ҳикояҳо аз Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Дурдонаҳо аз ашъор»-и Ашўри Маҳзун ва «Заруриёти динӣ» - таснифи Мулло Айнии Самарқандӣ аз он шуморанд.

№ 65«Девон»-и Мирзо Абдулқодири Бедил: Китоби мазкур маҷмўаи ғазалу рубоиёти Мирзо Абдулқодири Бедил буда, бо фармоиши Мулло Сайид Аҳмадхоҷа Сулаймонхоҷаи Ўғулӣ аз тарафи Мулло Ортиқ дар шаҳри Тошканд, дар чопхонаи Сиҷҷилия аз чоп баромадааст, аммо соли нашраш номаълум мебошад. Муқоваи китоб бо ранги кабуди паст, туранҷу сартуранҷ ва гулҳои гуногуншакл ороиш дода шудааст. Китоб дар ҳолати хуб қарор дошта, саҳифаҳо афтодагӣ ва ҷойҳои нохоно надоранд. Андозаи китоб 13Х22,5 буда, дар ҳар саҳифа 15-16 сатрӣ навишта шудааст. Ҳамчунин, дар ин китоб 136 ғазал ва 124 рубоии шоири мавриди назар сабт шудааст.

№67. «Девон»-и Фузулӣ ва «Лайлӣ ва Маҷнун»: Ин китоб бо саъю эҳтимоми Сиддиқхоҷаи Хуҷандӣ дар матбааи Маҳмудбек воқеъ дар Исломбул (Истанбул) соли 1318 чоп шудааст. Ҷилди китоб бо картони ғафс сохта шуда, рўи он бо туранҷу сартуранҷ, занҷира дорад ва бо рангҳои сабзу бунафш ва дигар ороишот музайян гардонида шудааст. Китоби мазкур дорои ду асар («Девон»-и Фузулӣ ва «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ў) иборат аст. Девони Фузулӣ матни асосии асарро ташкил медиҳад ва «Лайлӣ ва Маҷнун» бошад дар ҳошияи китоб сабт гардидааст. Ҳолати зоҳирии китоб хуб буда, аммо як чанд саҳифаи афтодагӣ дорад. Андозаи китоб 15Х24 буда, дар ҳар саҳифа 16-17 сатрӣ навишта шудааст. Китоб дорои 262 ғазал, 2 тарҷеъбанд, 2 тарҷеъбанди мусаддас, 1 мусаддас, 2 мухаммас, ва 92 рубоӣ иборат аст.

«Баёз ва Ҳаҷвиёт»-и Мавлоно Муқимӣ ва Фурқат, инчунин «Мунтахаб» Мирзо Абдулқодири Бедил ин китоб соли 1332 дар Хўқанд аз тарафи Абдулқодир Қодири Хўқандӣ ба чоп расидааст. Муқоваи китоб дар ҳолати хуб қарор дошта, бо ранги кабуд ороста шудааст. Китоби мазкур дорои ду асар буда, асари якум («Баёз») дарбаргирандаи ашъори Мавлоно Муқимӣ ва Фурқат буда, аз 132 сафҳа иборат мебошад. Андозаи китоб 12,5Х21 буда, дар ҳолати хуб қарор дорад, аммо якчанд саҳифаи афтода дорад, масалан аз саҳифаи 36 то 49 ва аз саҳифаи 108 то 121 мобайни ин саҳифаҳо афтодааст. Қисми дуюми китоб, ки «Мунтахаб»-и Мирзо Абдулқодири Бедил мебошад, соли 1335 ба зевари табъ ороста гардида, дорои таърихҳои манзум, мухаммасу рубоӣ аст.

 «Девон»-и Махфӣ: Китоби мазкур дар матбааи «Нувалкишур» воқеъ дар Лакҳнав ба табъ расидааст. Девон шомили 467 ғазал, 3 рубоӣ, 1 фард, 11 қасида, 12 наът, 21 қасида дар баёни тасаввуф ва ҳоли ишқангез, 2 тарҷеъбанд, 5 қасида дар бораи тавофи Каъба ва наъти Паёмбар (с) ва 1 мухаммас мебошад. Андозаи китоб 14Х24,5 буда, муқоваи китоб аз коғази ғавси картонмонанд сохта шуда, бо матои оддӣ рўпўш гардидааст. Ҳолати умумии китоб хуб аст, аммо дар охир сафиҳаҳои афтода дорад. Тарзи чопи китоби муҳашшо буда, ғазалу қасида ва дигар намуди ашъор дар ҳошияҳо низ навишта шудаанд. Ин падида ва хати резаи ҳошияҳо каме кори муҳаққиқро душвор месозад. Саҳифаҳои аз 105 то 128 таъмир карда шуда, номи муаллиф ва соли чопи китоб китобат нашудаанд. Аз рўи тафаҳҳуси мо ашъори чанд шоир бо ин тахаллус дар он омехта шудааст

№36. «Ҳикояҳо аз Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ: Китоб бо хатти настаълиқ навишта шуда маҷмўаи ҳикояҳо, панду андарзҳо ва маснавию Қитаот мебошад. Саҳифаҳои аввалу охири китоб афтодааст ҳамчунин, номи котиб, соли навишт вуҷуд надорад. Андозааш 17Х25,5 буда, аз 136 саҳифа иборат мебошад. Аммо якчанд саҳифаҳои фарсуда низ дорад, ки барои хондани матн душворӣ эҷод менамоянд, масалан саҳифаҳои 53-64, 67-70, 113-120. Бар замми ин, саҳифаҳои 83-96 аз дигар китоб ворид шудаанду ба китоби мавриди назари мо умуман дахле надоранд. Муқоваи китоб дар ҳолати бад қарор дошта, нисфи зиёди он аз байн рафтааст ва ороишоташ тамоман маълум нест.

 №52.«Дурдонаҳо аз ашъор»-и Ашўри Маҳзун ва «Заруриёти динӣ»- таснифи Мулло Айнии Самарқандӣ. Китоб аз ду асар иборат буда, асари якум ашъори Ашўри Маҳзун ва асари дуюм китоби «Заруриёти динӣ» мебошад. Китоб дар ҳолати хуб қарор дорад. Дар рўи китоб матои кабуд пўшонида шудааст. Андозаи китоб 21Х30 буда, саҳифаҳои афтодагӣ ва фарсуда надорад. Китоби аввал дорои «Маҳшарнома»-и Мулло Маҳзун, дар баёни қиссаи шоҳзодагон, ғазал, муноҷоти Солеҳ, наъти Паёмбар (с), дар баёни дувоздаҳ имом ва ғайра мебошад. «Заруриёти динӣ» аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввал 103 саҳифа ва қисмати дуюм 45 саҳифа мебошад. Ин китоб масъалаҳои диниро дар бар гирифта баъзе ашъор низ дорад. Китоб чопи факсимилеи чопи санг буда, дар нашриёти «Ёзувчи»-и шаҳри Тошканд, соли 1991 аз нашр баромадааст. 

                           М.Бойматова

Корманди илмии МД МФТ

 “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧанд сарчашмаи нодир
Scroll to Top