Дар ҷомеаи имрӯзаи мо занон нақш ва мавқеи басо муҳим доранд ва онҳо чун фишанги тавоно дар пешбурди ҳаёти навин саҳми бештаре доранд. Занон инъикоскунандаи симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу давлатанд ва ба ин маънӣ бонувони мо сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи миллати тоҷикро дар худ таҷассум мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: “Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории зан - модар аст. Бузургтарин шахсияти таърих – арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи модар буданд. Ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо номи фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошанд, пас дар ин корномаи башарият мақом ва манзалати зан модар аз ҳама волотар аст. Таърихи чандҳазорсолаи халқи мо низ занону духтарони шуҷоъ, хирадманд, соҳибзавқу комилистеъдодро бисёр ба майдон овардааст”.
Дар ҳақиқат худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишии зани тоҷик - ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Аз таърихи давлатдории тоҷикон бармеояд, ки барои ҳимояи марзу буми Ватан саҳми занон дар баробари мардон кам нест. Аз ин ҷост, ки дар аксари навиштаҷотҳои олимону донишмандони тоҷик аз қаҳрамонии зани тоҷик ёдовар мешаванд. Мусаллам аст, ки занону духтарони муборизу ватанпарвар, ҷасоратманду диловар аз зумраи Гурдофарид, Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Зебунисо, Ходими Ҷамолак, Розия Озод ва даҳҳо дигар занони бофазилат, оқила, фарзона ва озодандеш гаҳораи миллати тоҷикро соҳибӣ кардаанд ва азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошанд.
Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм, аз ҷумлаи ҳамин рӯйдоди фаромӯшнопазир аст.
Дар ҳақиқат, 1418 шабонарӯзи муҳорибаи хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаромӯшнашавандаанд. Дар ин давра ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ наздик 34 млн 476 ҳазор одамон, намояндагони 151 миллату халқиятҳои СССР даъват ва сафарбар карда шуданд. Дар Тоҷикистон низ декабри соли 1941 – марти соли 1942 бригадаи 98- уми тирандози тоҷик дар шаҳраки Шаҳринав ва бригадаи 99-уми алоҳидаи тирандозони тоҷик дар шаҳри Ленинобод, девизияи савораи 104-ум дар шаҳри Сталинобод ташкил гардида, ба фронт сафарбар карда шуданд.
Дар солҳои ҷанг бештар аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) 76 ҳазор ба ҷабҳои набард фиристода шуда, барои дифои Ватан мардонавор ҷоннисорӣ намудаанд. Ҳазорҳо нафари онҳо дар задухӯрдҳои калонтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ - муҳорибаи назди Москва, Сталинград, Курск-Орёл, Ленинград, назди Днепр, озод намудани Украина, Белорусия фаъолона иштирок намуда, корнамоиҳои бемисл нишон доданд. 45 ҳазор нафар тоҷикистониён барои кор ба заводҳои ҳарбӣ ва ақибгоҳ фиристода шуданд.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонувони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Аз ин теъдод 350 нафар снайпер, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар телеграфчӣ, 3750 нафар телефончӣ, 4195 нафар тирандоз, теъдоди зиёди ҳамширагони шафқат буданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон тамоми ҷанговаронро бо нону пӯшоку яроқу аслиҳа таъмин мекарданд. Ҳазорон занон баробари мардҳо ба майдони ҷанг рафта, бо душмани инсоният-фашизм ҷанг кардаанд. Занони танкчӣ, лётчик, тирандоз, табибону ҳамшираҳои шафқат бисёр буданд. Ҳам дар ақибгоҳ, ҳам дар майдони ҷанг фаъолона меҳнат мекарданд. Бо номаю муроҷиатномаҳои худ ҳамаро ба мардонагию қаҳрамонӣ даъват мекарданд.
Аз ҷумла, аз байни онҳо Биҳоҷал Юсуфҷонова аз шаҳри Хуҷанд, пас аз хатми Институти тиббии Тошкант соли 1943 ихтиёран ба фронт рафта, ҳамчун хирург - ординатори эвакогоспитал хизмат карда, Ғалабаро дар Чехословакия истиқбол гирифт. Баъди аз фронт баргаштан ҳамчун мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) кор кардааст. Барои шуҷоат ва корнамоиҳои номбурда бо ордени Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ (дараҷаи I), Ситораи Сурх, медали “Барои хизматҳои ҷангӣ” сарфароз гардидааст.
Ойгул Муҳаммадҷонова, ки аз деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент пас аз хатми Омӯзишгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии Тошкант ба фронт сафарбар гардида, ҳамчун лётчик хизмат кардааст, барои корнамоии ҷангиаш бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.
Ҷаннат Раҳимова аз шаҳри Хуҷанд пас аз хатми институти омӯзгории Тошкант соли 1943 ба фронт сафарбар шуда, дар органҳои контрразведка хизмат кардааст. Ин зани шуҷоъ, бо ордени “Нишони фахрӣ” ва чандин медалҳо мукофотонида шуда, пас аз ҷанг ҳамчун корманди комсомол ва мудири шӯъбаи маорифи вилояти Ленинобод кор кардааст.
Инъом Қурбонова аз шаҳри Хуҷанд, соли 1941 ихтиёран ба фронт сафарбар шуда, пас аз хатми мактаби авиатсионӣ аз соли 1942 дар авиадивизияи 688-ум хизмат кардааст. Барои корнамоиҳои ҷангӣ мавсуф бо орденҳои Ситораи Сурх ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаи I) мукофотонида шудааст. Пас аз ҷанг мактаби дусолаи назди вазорати адлияро хатм намуда, дар якчанд ноҳияҳои минтақаҳои ҷануби ҷумҳурӣ ҳамчун раиси суди халқӣ кор кардааст.
Саодат Алибоева аз шаҳри Хуҷанд, пас аз хатми Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба фронт сафарбар шуда, баъди хатми мактаби авиатсионӣ дар муҳорибаҳои ҷангӣ- ҳавоӣ иштирок ва то Будапешт ва Вена рафтааст.
Назира Умарова аз шаҳри Хуҷанд пас аз хатми Омӯзишгоҳи тиббии Тошкант соли 1941 ҳамчун ҳамшираи шафқат дар эвакогоспитали 877-уми фронти Ғарбӣ хизмат карда, бо ордени Ленин ва медалҳои ҷангӣ сазовор гардидаст.
Ҳоло дар экспозитсияи намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд махсус гӯшаи намоишии “Вилояти Ленинобод дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” бо иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ созмон дода гардида, дар толор акси ин зани шуҷоъ бо сӯзандору ба маърази тамошобинон гузошта шудааст, ки оид ба корнамоиҳову далериву шуҷоати абармандону ҷасурзанҳои миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Боз яке аз занони хирадманду соҳибзавқ, ҷасоратманду диловар, муборизу ватанпарвар Ӯғулой Шамсиддинова мебошад. Соли 1907 дар оилаи устои оддии гулкор Бобо Шамсиддин таваллуд шудааст. Дар синни 9-солагӣ аз падари азизу ғамхор маҳрум шудааст. Соли 1925 Ӯғулой Шамсиддинова ба сафи комсомоли ленинӣ қабул мешавад. Ӯғулой Шамсиддинова соли 1941 ба майдони набарди ҷанг меравад. Дар ҳайати бригадаи тирандоз дар ҷангҳои самти Волоколамск, Можайск ва муҳорибаи назди Москва ҷангидааст.
Аз муҳорибаи ҷангӣ наздик 100 ҳазор нафар, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод наздик 30 ҳазор барнагашта, дар майдони ҷанг мардонавор ҳалок ва ё бе ному нишон гардидаанд, ки дар байни онҳо занҳо низ буданд.
Дар давраи ҷанг дар фронти шарқии ИҶШС 507 дивизияи фашистони немис, 100 дивизияи иттифоқчиёни Германия, ки 3,5 маротиба зиёд нисбат ба дигар фронтҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мебошад, несту нобуд карда шуданд.
Машинаҳои ҳарбии Германияи фашистӣ пурра шикаст дода шуда, ба нестӣ расонида шуд. Дар ин муваффақият нақши асосиро Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС бозиданд.
Барои иҷрои қарзи ҳарбӣ, қаҳрамонию матонат ва далерӣ дар солҳои ҷанг 11603 нафар намояндаи 62 миллату халқиятҳо ба унвони олии ҳарбӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор гардиданд. 2656 нафар ҷанговарон бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шуданд. Бо ордену медалҳои ҷангӣ беш аз 7 миллион одамон, аз ҷумла 14 миллиону 900 ҳазор нафар ҷанговарон бо медали “Барои ғалаба бар Германия”, беш аз 16 миллион заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг бо медали “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” мукофотонида шуданд.
Барои мардонагӣ, ҷасорат ва мубориза бар муқобили фашизм дар майдони ҷанг беш аз 55 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шуданд. Ба 54 нафари онҳо унвони олӣ-Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (Суғд) ба 15 нафар, инчунин 15 нафар ҷанговарони Тоҷикистон бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф, аз ҷумла аз вилояти Ленинобод (Суғд) 10 нафар мукофотонида шуданд.
Зани боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза бурданд. Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Сайфиева Шарифа
Роҳбалади Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”