Ғалабаи халқи Шӯравӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар таърих чун воқеаи бузург бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Дар таърихи тӯлонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Рӯзи ғалаба бар фашизм аз ҷумлаи ҳамин рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст”.
Ғалаба бар фашизм бар ивази фидокорию ҷонбозиҳои садҳо миллион сокинони сайёра дар набардҳои хунину бераҳмонаи солҳои 1941-1945 ба даст омадааст ва он то ба имрӯз ҳамчун Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном бурда мешавад.
Дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба ҳайати он Тоҷикистон ҳам дохил мешуд, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалабаи халқҳои ИҶШС бар Германияи фашистӣ воқеаи муҳими фаромӯшнашаванда маҳсуб мегардад. Омӯхтани таърихи ин қаҳрамониҳои бемислу монанди ҷанговарон дар ҷабҳа бар зидди душман ва меҳнаткашон дар корзорҳои ақибгоҳ на фақат аҳамияти илмӣ, балки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ аҳамияти хеле калон дорад.
22 июни соли 1941 қушунҳои Германияи фашистӣ бидуни эълони ҷанг бо мақсади талаву тороҷ ва ғорат намудани Иттиҳоди Шуравӣ, ҳуҷум оварданд. Моҳҳои аввали ҷанг соли 1941 аз Тоҷикистон 5857 нафар одамон бо ихтиёри худ ба ҷанг рафтанд. Дар солҳои ҷанг бештар аз 300 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Суғд (Ленинобод) 76 ҳазор ба ҷабҳаи набард фиристода шуда, барои дифои ватан мардонавор адои хизмат намуданд.
Тоҷикистониҳо то охири ҷанг, то ба рӯзи Ғалаба аз болои фашизм ба қавлашон содиқ монданд. Дар баробари сафарбарии захираҳои инсонӣ ҳамчун омили асосӣ, инчунин ба ёрии фронт тамоми захираҳои иқтисодӣ ва моддию техникӣ низ сафарбар карда мешуданд.
Роҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ вазъияти ба амал омадаро ҳаматарафа санҷида, ба тамоми ташкилотҳои поёнии Ҳизби коммунистӣ ва Ҳукуматӣ супориш доданд, ки дар мамлакат фаъолияти кулли ҷабҳаҳои саноату хоҷагии қишлоқ барои таъмини фронт нигаронида шаванд. Дар асоси нақшаи пешниҳод намудаи Ҳукумат корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон барои фронт консерваҳои мевагӣ, гӯштӣ; саноати сабук ба ҷанговарон либосҳои ҳарбӣ, пойафзоли гарм, матои абрешимӣ; саноати сӯзишвории Тоҷикистон-ангишт, нафт; саноати кӯҳӣ-металлҳои ранга барои тиру туфанг истеҳсол мекарданд. Ҳамин тавр, фаъолияти саноати Тоҷикистон, коркунони хоҷагии қишлоқ аз ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри таъмини фронт нигаронида шуда буд.
Коркунони адабиёт ва санъат асарҳои нав навишта, халқи Тоҷикистонро дар рӯҳи ватанпарастӣ тарбия менамуданд. Коркунони санъати саҳнавӣ ва кино бошанд асарҳои замонавӣ эҷод карда, одамонро дар рӯҳи ғалаба аз болои душман сафарбар мекарданд.
Ҳамин тавр, фарзандони халқи тоҷик ҳам дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам ҷабҳаҳои меҳнатӣ қаҳрамонӣ нишон дода, дар қатори дигар миллатҳои мамлакат барои ғалаба бар Германияи фашистӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар рафти ҷанг ва баъд аз он 50 000 нафар аскарону афсарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофонида шуданд, ки аз онҳо 3700 нафар хуҷандиён буданд. Дар рафти ҷанг 56 кас соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шуданд. Дар ҷанг 14 нафар ҷанговарон, фиристодагони Тоҷикистон ба гирифтани ордени “Шараф” мушарраф шуданд, ки он бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ баробар аст. Қаҳрамонони ҷанг аз Тоҷикистон 70 нафар мебошанд.
Қаҳрамонони меҳнатии халқи тоҷикро дар ақибгоҳ ба инобат гирифта, баъд аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ 102 ҳазор коркунони хоҷагии халқи Тоҷикистон бо медали “Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ” мукофонида шуданд.
Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки корнамоиҳои фарзандони тоҷик чи дар фронт ва чи дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ аз хотири насли имрӯза ва оянда фаромӯш нахоҳад гардид.
Исломова Сайфияхон
Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”