Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ғалаба – рамзи рӯҳи шикастнопазир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Пос доштани хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан, ки барои зиндагии осудаи наслҳо ҷонбозӣ кардаанд ва собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат кашидаанд, вазифаи муқаддас ва қарзи ҷовидонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола санаи 9 май чун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ мардуми сулҳпарвари ҷаҳон 76-умин солгарди ин ғалабаро ҷашн гирифта истодаанд. Бахшида ба ин сана ва пос доштани хотираи абармардони майдони ҷанг дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳамбастагӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Ғалаба – рамзи рӯҳи шикастнопазир” доир гардид.

Чорабиниро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Иди Ғалаба табрик намуд ва қайд кард, ки Рӯзи Ғалаба яке аз рӯзҳои бузурги таърихӣ буда, дар бисёр давлатҳои ҷаҳон пос дошта мешавад. Ин иди пирӯзиву музаффарияти миллӣ, Иди ифтихори мардум ва дар айни замон рӯзи ғаму андӯҳ ва хотираи абадӣ мебошад. Санаи мазкур ҳамеша дар бораи он ҳодисаҳои мудҳиши ҷанг, шикасти лашкарони фашистӣ, қаҳрамонӣ ва матонати беназири муҳофизони Ватан, заҳмату азобҳои ҷонфидоёнаи мардуми ақибгоҳ хотиррасон мекунад.

Дар чорабинӣ Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамагонро бо фарорасии ин Иди бузург муборак намуда, аз ҷонисориҳои мардуми тоҷик дар он ҷанги хонумонсӯз ёдоварӣ кард.

Шавкат Алиев - Корманди шоистаи Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд таҳти унвони “Ғалабаи оламшумул” маърӯза намуда, аз қаҳрамониҳои фиристодагони Тоҷикистон ва дар ҳаққи онҳо ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд кард.

Таҳти мавзӯи “Аҳамияти таърихии Ғалабаи бузург” – Ғайбуллоева Моҳира - номзади илмҳои таърих, устоди кафедраи таърихи ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, “Ҷоннисории падарон – мероси фарзандон” – Ҷамолов Ашӯр – полковник, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷанговар – интернатсионалист, “Саҳми тоҷикистониён дар Ғалабаи бузург” – Исломова Сайфия – корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок ва маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ намояндагони Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист,  устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муҳассилини Гимназияи №4-и ш. Хуҷанд бо роҳбарии омӯзгори фанни дифоӣ-ҳарбӣ Алиев Қ., намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.

Бахшида ба ин рӯз дар толори пазироии осорхона гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Ёди қаҳрамонон ҷовидонист” созмон гардида, дар он намунаи нигораҳо аз осорхонаи “Шарафи ҷангӣ”-и бригадаи 99-уми алоҳидаи тирандози тоҷик, ки дар МТМУ №3 шаҳри Хуҷанд бунёд гаштааст, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ эҳтиром ва арҷ  гузоштан ба фарзандони содиқи Ватан буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавонони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад. 

 Наргисахон Бузурукова

китобдори МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҒалаба – рамзи рӯҳи шикастнопазир
Scroll to Top