Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 №958 “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муайян карда мешавад.
Мутобиқи қонуни мазкур воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, 51 ноҳия, аз он ҷумла 4 ноҳия дар шаҳри Душанбе, 18 шаҳр, 62 шаҳрак, 370 ҷамоати деҳот ва 4223 деҳа иборат мебошад.
Дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд харитаи тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондоди маълумотҳои иловагӣ набс гардид, ки он барои шиносоии амиқу бештари сарзамини тоҷик ба тамошобинони дохилию хориҷӣ равона шудааст.