24 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Мулоқоти хоссаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ва мулоқоти ҷонибҳо дар доираи маҳдуд ва васеъ баргузор гардид.
Дар идомаи сафари корӣ Абдулло Орипов бо ҳамроҳонаш аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд. Ба ҳайати меҳмонон оид ба таърих ва фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик аз давраҳои қадим то замони муосир ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз толорҳои намоишии осорхона маълумотҳои дақиқ ва муфассал дода шуд.
Меҳмононро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки зимни мулоқот самтҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика ва дигар бахшҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.