Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

«Шавоҳиду-н-нубуват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб дорои нерӯи бузургест, ки сарфи назар аз наҷот, миллат, забон, ақидаву мазҳабу дину оин аз тамоми гӯшаву канори дунё инсонҳоро ба ҳам меорад, дар миёни онҳо дӯстиву рафоқату робитаҳои корӣ эҷод менамояд ва бо як ибора рисолаташ аз муттаҳидгарони халқҳо, муаррифисозии кишварҳо ва эҷоди якдиливу ҳамбастагӣ иборат аст.


Нусхаи хаттии нодири фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки таҳти №28 қарор дорад ин «Шавоҳиду-н-нубуват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Китоб бо забони форсӣ навишта шуда, навъи асар динӣ-таърихӣ аст. Ҳаҷмаш аз 227 саҳифа иборат буда, соли 1834 мелодӣ ба табъ расидааст. Хатташ настаълиқ, андозааш 25х15 мебошад. Асар аз тарафи Ҳоҷӣ Муҳаммад Юсуф китобат шудааст.

Муқоваи китоб туранҷу сартуранҷ дошта, рангаш сабз аст. Матн дар ҳар варақ дар 17 сатрӣ навишта шудааст. Китоб аз муқаддима, ҳафт рукн ва хотима иборат мебошад. Муқаддимаи китоб дар 11 саҳифа, рукни дувум дар 29 саҳифа, рукни панҷум - қисми аввал дар 9 саҳифа, рукни ҳафтум дар 23 саҳифа, хотима дар 9 саҳифа навишта шудааст. Нусха комил буда, афтодагӣ надорад.

М.Бойматова

корманди илмии шуъбаи дастхатҳо

ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО«Шавоҳиду-н-нубуват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ
Scroll to Top