Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Экспедитсияи илмӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба “Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ” ва тибқи нақшаи кории Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд” санаи 18 – апрели соли равон аз ҷониби кормандони илмии осорхона экспедитсияи илмӣ ба деҳаи “Чаманзор”–и ҷамоати Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ташкил карда шуд.

Роҳбарии экспедитсияро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов бар ӯҳда дошта, ҳайати экспедитсияро Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич - доктори илмҳои таърих, бостоншинос, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, роҳбари дастаи ҳафриётии шимолии Тоҷикистон ва кишваршиноси ҷавон, ки ҳамеша бо осорхона ҳамкории қавӣ дорад Маҳмудов Нурулло ҳамроҳӣ намуданд.

Мақсад аз ташкили экспедитсияи мазкур омӯзиш ва муайян намудани ҷойи пайдоиши пайкон буд.

Бояд зикр кард, ки соли 2018 аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷимуродов Абдуазиз пайкони аз ин мавзеъ дарёфтгардидаро ба фонди осорхона супорида буд.

Макони дарёфти пайкон мавзеъ – дара 9км дуртар аз шимол ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, як мавзеи кушоди хушманзара мебошад,  аз се тарафи он ҷӯйбори сой ҷорӣ шуда, дар ин мавзеъ як мешуданд,  ки яке аз шохаҳои хурди дарёи Сир буд,  ҳоло хушкидааст. Аз рӯйи мушоҳидаҳои бостоншинос Раҳимов Н.Т. ин дара тахминан бошишгоҳи қабилаи  сакоиҳои кӯчманчӣ мебошад, зеро ин мазеъ барои зист ва чорводорӣ басо қулай буд.

Дар рафти корҳои омӯзишӣ ва аз назаргузаронӣ аз ин мавзеъ се–чор адад тасвироти рӯйи сангӣ (петроглифҳо) дарёфт карда шуд. Ин дарёфтҳо  нишон  аз он аст, ки дар болодара  шумораи зиёди тасвиротҳои рӯйи сангӣ мавҷуд аст. Дар оянда онон омӯзиш хоҳанд шуд.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ якчанд қӯрғонҳо, яъне қабрҳои тахминан сакоиҳо мушоҳида карда шуд. Дар як ҷо дар баландӣ 8–10 адад, дар соҳили рости ин мавзеъ 4 адад ва дар болотари он 3 адад қӯрғон ба қайд гирифта шуд. Ин қайдҳо барои илми таърих як дастоварди илмии нав буда, дарёфти маводҳои тоза барои муайян намудани саҳифаҳои нави таърихи тоҷикон кӯмак мерасонад. 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЭкспедитсияи илмӣ
Scroll to Top