Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи ёдгориҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 16-уми апрел ба муносибати Рӯзи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ, ки ҳамасола аз соли 1984 санаи 18 апрел ҷашн гирифта мешавад дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Ҳифзи ёдгориҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд” доир гардид. Дар  он устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров – аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, намояндагони ВАО ва кормандони Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.

Бойматов М.Т. - омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории объектҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шуда истодааст. Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.

Баъдан, мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд Фароғат Усмонова таҳти мавзӯи “Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун”, Раҳимов Н. - доктори илмҳои таърих, профессори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, бостоншинос, роҳбари дастаи ҳафриётии шимоли Тоҷикистон бо мавзӯи “Барномаи давлатии ҳифз ва барқарорнамоии ёдгориҳои фарҳангию таърихии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025”, Исоматдинов Ҷ. – дотсент, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи ватан ва археологияи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳти унвони “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун объекти сайёҳӣ”, Ҳаитқулов Ҷ. - омӯзгори фанни таърих, роҳбари маҳфили “Корвони маънавиёт “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон дар мавзӯи “Кони қадиму фарҳанги азим” ва инчунин Хоҷаева М. – мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири  Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд таҳти мавзӯи “Ҳифзи осори ниёгон”  маърӯза намуданд.

Дар рафти чорабинӣ Файзуллоев М. – мардумшинос, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Раупов А. – директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара ба музокира баромада, оиди истифодаи мақсадноки объектҳои таърихӣ андешаронӣ карданд.

Бо назардошти фаъолияти самарабахш дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ аз тарафи Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд якчанд нафарон, аз ҷумла Раҳимов Н., Файзуллоев М., Раупов А., Мамадҷонова М., Юсупов Р., Ҷумаев Б., Шодмонбоева Ш., Гадоев М. бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз дар ҳавлии Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ гӯшаи намоишӣ бо истифода аз харитаи ёдгориҳои бостонӣ ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозёфтҳои аз ҳудуди Қалъаи Хуҷанд ва Қалъаи қадимаи шаҳраки Адрасмон дарёфтгардида ташкил карда шуд.

Бузурукова Наргисахон

китобдори МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи ёдгориҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд
Scroll to Top