“Мақому мартабаи инсон асолату ормонҳои миллӣ, шаъну эътибор ва арзишҳои таърихии ҳар қавму халқ танҳо дар сурати расидан ба Истиқлолияти давлатӣ метавонад он халқро барои аҳли башар муаррифӣ намояд ва дар ҷаҳони ҳастии инсон соҳиби эътироф ва эҳтиром гардонад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тӯли фаъолияти худ, ҳазорҳо ашёҳои таърихӣ- фарҳангӣ ҷамъоварӣ намудааст, ки бештари онҳо нигораҳои соҳаи мардумшиносӣ буда, оид ба расму русум, анъана, тарзи либоспӯшӣ, рӯзгорӣ маишӣ маълумот дода, инчунин намунаи ҳунарҳои зебои ба амсоли кашидадӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, кошинкорӣ, соҳаи бостоншиносӣ, нигаҳдорӣ карда шуда , аз таъриху тамаддун ва тарзи зиндагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад. Дар осорхона нигораҳо ҳамчун осори моддӣ ҷамъоварӣ карда шуда, натанҳо ҳифз, балки барои тамошобинони дохилию бурунмарзӣ пешкаш мегардад.
Алҳол дар маъхази Осорхона нигораҳои асосӣ ба миқдори 16044 адад ва нигораҳои ёрирасон ба миқдори 8325 ададро ташкил медиҳад.
Дар маъхаз ва намоишгоҳи осорхона ёдгориҳои арзишноктарин гирд оварда шуда, ба маърази тамошо гузошташудаанд, ки ба давраҳои гуногуни таърихӣ мансубанд.
Яке аз ёдгориҳои қадим ин шоҳсутуни бино, ки дар китоби воридотӣ фонди осорхона таҳти рақами КВ №-352, М №-314 сабт гардидааст ва дар толори намоиши таҳти мавзӯъи “Маданият, илм ва адабиёти асри XI-XII” ба маърази тамошо гузошта шудааст. Сутуни мазкур ба асрҳои XI-XII мансуб буда, аз сокини ноҳияи Айнӣ Олимова Ш. 10 январи соли 1961 дастрас гардидааст. Ин сутун қисми сутуни кандакории Масҷиди ҷомеаи деҳаи Фатмеви ноҳияи Айни таалуқ дорад. Баландии пойсутун 290 см буда, дар он нақшҳои нафиси ҳандасавӣ кандакорӣ карда шудааст. Ороиши сутун бинандаро бо санъати волои бадеъии кандакориаш ба ҳайрат мегузорад, диққати тамошобинро ба худ ҷалб менамояд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаштагони мо дар хақиқат меъмор, санъатдӯст, зебопараст будаанд ва осори онҳо санъати бадеъии ба худ хос дошт. Сутунҳои машҳури кандакорӣ кардашуда деҳаҳои Рарз, Урметан, Оббурдон, Искодар ва дигари водии Зарафшон ( аксҳои онҳоро дар фонди осорхона дидан мумкин аст) давоми бевоситаи анъанаҳои бои қадимаи санъати устоҳои тоҷикон мебошад, ки тамошои онҳо ба чашму дили кас роҳат мебахшад.
Ашёҳои таърихи фарҳангӣ, ки дар хазина мавҷуданд барои шаҳрвандон ва муассисаҳои гуногун барои намоиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ дастрас мебошад, ки он аз зиёдшавии таваҷҷӯҳи мардуми тоҷик ба таърихи пурғановати миллатамон гувоҳӣ медиҳад.
Ӯрмонҷонова А
Сармуҳофизи фонди Осорхонаи
таърихии вилояти Суғди МД
МФТ “Қалъаи Хуҷанд”