Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

НУСХАИ ХАТТӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Тоҷикон аз қадимулайём  то кунун соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром мегузоранд. Китоб барои миллати сарбаланди мо аз аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Ба зери болини кӯдак китоб ниҳодан, мероси хаттиро дар сақфи хона ба тоқҳои баланд гузоштан, ҷилду муқоваи китобро бо ҳазор рангу санъат ороиш додан, қоғазпораи навиштаю варақпораҳоро аз замин бардоштаву ба чашм молидан, ҳурмати китобро ба ҷо овардан, ба соҳибилму соҳибҳунар иродат варзидан ва мисли ин даҳҳо суннати нек ҳазорсолаҳо боз миёни мардуми мо устувор аст.

Нусхаи хаттии таҳти рақами №196, ки дар фонди Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” нигаҳдорӣ мешавад “ан-Инояту фи шарҳи-л ҳидоят”-и Бурҳорнуддин ибни Алии Марғилонӣ мебошад. Муқоваи он дорои туранҷу сартуранҷ буда, сабзранг аст. Асар аз 367 барга иборат буда, матни асар дар ҳар варақ дар 17 сатрӣ навишта шудааст. Муаллифаш Аллома Акмалуддини Муҳаммад ибни Маҳмуди Бобартии Ҳанафӣ буда, соли 1290 ҳ ба табъ расидааст. Китоб фарогири мавзӯи фиқҳи ҳанафист. Дар дохили мант боб, фасл ва вожа бо хатти сурх навишта шудааст. Навъи асар динӣ буда, таърихи зиёда аз 150 сола дорад.

Мавҷудахон Бойматова

Корманди илмии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНУСХАИ ХАТТӢ
Scroll to Top