Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МАКОНИ ГУЛЗОРУ ҲАМЕШАСАБЗ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳама фасли сол ба макони гулзору зебо мубаддал гардида, ҳамасола гулҳои зиёд ва дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад. Гул – ороиши боғ ба ҳисоб рафта, ҳатто дар фасли сармо гулҳо шукуфону намуди зоҳирии боғ гулпӯшу зебо мебошад. Занони гулпарвари Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз моҳҳои ноябр – декабр барои шинонидани пиёзакҳои гули лола, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Сайри гули лола” бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад, оғоз намуда буданд.

Ба гуфти Абдусалом Шодибеков - муовини аввали омири кулл, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ парвариши гул кори осон набуда, меҳнати зиёдро талаб мекунад. Нигоҳубини нодурусти гул ба нобуд гаштани он боис мегардад. Бояд гуфт, ки гулҳо натанҳо дар фасли баҳору тобистон, балки дар давраи тирамоҳу зимистон низ парвариш карда мешаванд.

Имрӯзҳо баъди шукуфтани гули лола Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба як гӯшаи нотакроре мубаддал гашта, меҳмонон ҳамарӯза барои истироҳат ва сайру гашт ба ин макони зебо равона шуда, аз тамошои гулҳои рангоранги боғ хушҳолу шод мегарданд. Зеро инсон худро бардаму солим ва аз зебогии онҳо зиндадилу некбахт эҳсос менамояд. Гулпўшу зебо нигоҳ доштани Ватани азизамон бояд мақсади асосии ҳар фарди соҳибдил бошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМАКОНИ ГУЛЗОРУ ҲАМЕШАСАБЗ
Scroll to Top